Читать книгу: «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», страница 4
2.11 Ҷомеаи шаҳрвандӣ
Чун дигар мамлакатҳои демократӣ Тоҷикистон иштироки васеи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар идоракунии давлатӣ ҷалб намудааст
Сотсиологияи идоракунӣ маҳз бо иштироки одамон дар идоракунии давлат / корхона тавассути иттиҳодияҳои хеш асос меёбад. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки давлатӣ иҷтимоӣ мебошад, ин принсип – иштироки фаъоли одамон дар идоракунӣ метавонад муваффақиятҳои беназир ба даст биёрад.
Дар ҳамин мавзуъ яке аз олимони шинохта Элтон Мэйо бар он назар аст, ки ба муносибатҳои инсонӣ дар ҷараёни фаъолияти якҷояи меҳнатӣ бартарият дода шавад. Дар инҷо муҳим он аст, ки арзишмандии муқаррароти сарвар ва гуруҳи иҷтимоии ғайрирасмӣ баробар ба қоидаҳои расмӣ арзёбӣ гарданд. Мисол: фаъолияти иттифоқҳои касабаи кормандон, ки дар баробари қарорҳои маъмурияти ташкилот арзиши баланд дорад.
Ин назария дар Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи анъанавии даврони Шӯравӣ ва омӯзиши таҷрибаҳои давлатҳои пешрафта дар симои Федератсияи иттифоқҳои касаба, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ, диннӣ ва фарҳангӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ассотсиатсияҳои гуногуни татбиқкунандаи манфиатҳои одамон ва гуруҳҳои онҳо роҳандозӣ карда шудааст.
Яке аз нуқтаҳо ва ё имкониятҳои муҳими фароҳамгардида ин иштироки иттиҳодияҳои мустақили ҷамъиятӣ / одамон дар идораи сиёсии кишвар мебошад. Ин муносибат ба таври васеъ дар қонунгузории ҷумҳурӣ оварда шудааст. Аз ҷумла, дар баробари ҳизбҳои сиёсӣ ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон имконият дода шудааст, ки номзадҳои хешро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон пешбарӣ намоянд.
Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои демократии идорӣ сохти идоракунии бисёрҳизбӣ дошта, ғояҳои сиёсӣ ва ташаббусҳои одамонро дар ташкили ниҳодҳои мустақили сиёсӣ дастгирӣ менамояд, зимнан гуруҳи муайяни одамон имкон доранд, ки бо ташкили ҳизби сиёсӣ дар идораи сиёсии давлат иштирок намоянд.
Дар сатҳи ҷумҳурӣ яке аз ниҳодҳои муҳими ҷамъиятӣ, ки манфиатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодияҳои ҷмаъиятиро дар алоҳидагӣ муаррифӣ менамояд ва пеш мебарад, ин Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад.
– мақоми намояндагӣ, экспертию машваратӣ ва ҳамоҳангсоз буда, иштирокчиёни Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистонро, ки мутобиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳдномаҳои байналхалқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва Низомномаи хеш амал мекунад, муттаҳид месозад. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун нерӯи муттаҳидкунандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ 9 марти соли 1996 дар асоси Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Вазифаҳои асосии Шӯрои ҷамъиятӣ: таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ барои ба даст овардани тавозуни манфиату ақидаҳо; амалӣ намудани хулосаҳои экспертӣ, таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсию иқтисодии ҷомеа ва тағйироту таҳаввулоте, ки дар он ррӯй медиҳад; таҳияаи барномаҳо, консепсия ва пешниҳодоте, ки барои ноил шудан ба сулҳу ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон равона карда шудаанд; ҷустуҷӯ ва барқарор намудани шаклҳои нави ҳамкории иштирокчиёни Аҳднома ва дигар тарафҳои манфиатдор дар татбиқи Аҳдномаи ризоияти ҷомеа, мебошад. Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон
– ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд. Иттифоқҳои касаба ба таври муттамарказ дар сохтори тамоми ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли ҳуқуқию сохторӣ, аз ҷумла институтҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои истеҳсолӣ фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ҳифз мекунад ва пеш мебарад. Иттифоқи касаба
– тибқи қонунгузорӣ иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои муайян муттаҳид гардидаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 2400 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самтҳои гуногуни фаъолият ва муттаҳидкунандаи одамон дар татбиқи ҳадафҳои муайяни хеш амал менамоянд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъруф ва машҳури Тоҷикистон бо номи Иттифоқи журналистон, Иттифоқи ҷавонон, Иттифоқи расомон, Ассотсиатсияи волонтёрон, Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон ва ғайра шинохта мебошанд, ки ҳар кадом дар маҳалҳо намояндагиҳо ва аъзои зиёди худро доранд. Иттиҳодияи ҷамъиятӣ
– тибқи қонунгузорӣ идтиҳодяи ҷамъиятие, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон ва инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад. Ҳизби сиёсӣ
Айни замон дар Тоҷикистон 7 ҳизбҳои сиёсии зерин фаъолият мекунанд:
– – 10 августи соли 1990 ташкил ёфтааст; Ҳизби демократии Тоҷикистон
– 10 декабри соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар айни замон ҳизби пешбар буда, онро Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд; Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон –
– – 15 июни соли 1996 таъсис дода шудааст; Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон
– — 18 марти 1998 ташкил ёфтааст Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ;
– 4 сентябри соли 1991 ташкил ёфтааст Ҳизби коммунистии Тоҷикистон – ;
– – аз соли 2005 фаъолият менамояд; Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон
– – 15 ноябри соли 2005 ба қайд гирифта шудааст. Ҳизби аграрии Тоҷикистон
2.12 Мактаби идоракунӣ дар Тоҷикистон
Чӣ тавре дар боло зикр гардид, дар айни замон идоракунӣ заминаи илмии устувори худро дар Тоҷикистон ташаккул надодааст. Шумораи ками олимон ва муҳақиқон ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ доранд. Аммо дар сатҳи сиёсати давлатӣ масъалаи мазкур бо роҳи ташкили институтҳои идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ заминаҳои муайяни худро пайдо кардааст.
Дар кишвар дар ин самт мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2003, №926 дар назди Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад. Бо ҳамин метавон гуфт, ки институти идоракунӣ дар Тоҷикистон ба марҳилаи ташаккулёбии бонизом шуруъ мекунад.
Дар баробари ин, дар заминаи вазорату идораҳо бобати ташкили тадқиқотҳои илмию амалӣ ва методологии соҳавӣ, ташаккули низоми идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ институтҳои миллии тадқиқотӣ амал мекунанд. Мисол: . Яъне, новобаста аз мавҷуд будани низоми умумҷумҳуриявии омодасозӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои идоракунанада дар кишвар соҳаҳо дар алоҳидагӣ ташкили институтҳои идоракунии ва омодасозии кадрии худро иқдом кардаанд. Институти илмӣ-тадқиқотии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Институти илмӣ-тадқиқотии акушер-генекологӣ, Институти такмили ихтисоси кормандони адлия, Институти такмили ихтисоси кормандони омӯзгорӣ ва ғайра
Аммо барои рушди соҳаи идоракунӣ, бахусус илми идоракунӣ зарур буд, ки низоми миллии илмию тадқиқотӣ ва амалию методологии идоракунӣ ва омодасозии кадрӣ ташкил ёбад.
Бо ҳамин мақсад соли 2003 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъсис меёбад ва соли 2013, яъне пас аз 10 соли фаъолият ва аз худ кардани таҷриба он ба шахси ҳуқуқӣ табдил дода шуда, дар шакли нав ва мустақил – Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил меёбад. Инро метавон марҳилаи дуюми ташаккулёбии институти идоракунӣ дар Тоҷикистон номид.
Акнун Донишкада дар воқеъ ташкил медиҳад, ки фаъолияти он ба равона гардидааст. мактаби таълимию илмии идоракуниро тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ
Донишкада дар сохтори худ дар баробари дигар воҳидҳо кафедраҳои идоракунии давлатӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ, идоракунии иқтисодиёт ва молия ва илмҳои гуманитарӣ-иҷтимоиро муқаррар кардааст, ки дар ташаккул ва рушди илми идоракунӣ ва таҳкими низоми идораи давлатии кишвар метавонанд саҳми муносиб гузоранд.
САВОЛҲО БАРОИ САНҶИШИ САТҲИ ДОНИШ
– Тоҷикистон кай низоми идоракунии мустақили худро ташкил дод?
– Назарияҳои илмию тадқиқотӣ дар самти идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон дар кадом сатҳ мебошад?
– Дар даврони ҳукмронии ИҶШС низоми идоракунии Тоҷикистон чӣ гуна буд?
– Сиёсати хориҷӣ ва ё байналмилалии давлат ба кадом принсипҳо асос меёбад?
– Ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон аз чанд шохаи ҳокимият иборат мебошад?
– Низоми прокуратура дар Тоҷикистон сохтори идоракунӣ аст ва ё шохаи ҳокимият?
– Сохти идории Ҷумҳурии Тоҷикистонро кадом институт ташкил медиҳад?
– Сохтори идории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
– Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба идоракунии давлатӣ чӣ рабт дорад?
– Ҳамчун мактаби таълимию илмии идоракунии Тоҷикистонро кадом муассиса муаррифӣ менамояд?
АДАБИЁТ ВА ДИГАР САРЧАШМАҲОИ МАЪЛУМОТ
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №4 қисми 2, мод.344
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №22, мод. 300
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2007, №5, мод. 363; соли 2008, №3, мод. 202; соли 2010, №7, мод. 554; соли 2013, №3, мод.202
– Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №7—8, мод.611
– Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №13, мод. 195; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №9, мод. 238; соли 2005, №12, мод.626.
– Дар бораи донишкадаи мо. [Маводи электронӣ]. / Тарзи дастрасӣ: http://did.tj/index.php?newsid=155
– Иерархия власти в СССР и их пространственная структура. / Тарзи дастрасӣ: http://www.libertarium.ru/l_knig_ier
– Қодиров Д. С. Марҳилаҳои ташаккулёбии илми идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқт озод, 2015. – С. 62—71
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
– Мавлоназаров С. С. Самарабахшии технологияи иттилоотӣ дар идоракунии давлатӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.153—158
– Политические партии Таджикистана. / Тарзи дастрасӣ: http://www.quickiwiki.com/ru/
– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия. – Душанбе: «Ирфон». 2007.-236 с.
– Саидов А. Т. Хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (андешаҳо, дурнамо). – Душанбе: «Шарқи озод», 2006. – 128 с.
– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.
– Шосаидов С. Ҳ. Идоракунии низоъҳо дар корхонаҳо: тавсифи умумӣ. /Маҷаллаи «Идоракунии давлатӣ» 2015 (2). – Душанбе: Шарқи озод, 2015. – С.39—49
– Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақом ва нақши он дар муттаҳид кардани ҷомеаи Тоҷкикстон. / Тарзи дастрасӣ: http://www.shuro.tj/
§3. МАВЗУЪ, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ
3.1 Мафҳумҳо ва мақсади сотсиологияи идоракунӣ
Сотсиологияи идоракунӣ чун дигар илмҳо мавзуъ, мақсад ва вазифаҳои хоси худро соҳиб мебошад.
Мавзӯи илм ин маҷмӯи мафҳумҳое мебошад, ки ба воситаи онҳо ҳақиқати воқеӣ (объективӣ) тавсиф карда мешавад. Зимнан, . сотсиологияи идоракунӣ соҳаи муносибатҳои идоракунии дар ҷамъият дар ҳар давраи муайяни таърихӣ пайдошударо меомӯзад
Умуман илми идоракунӣ васеъ буда, он аз ҷониби соҳаҳои гуногун, ба монанди равоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, педагогӣ, иқтисодӣ ва ғайра ба таври муназзам омӯхта мешавад. Аммо ин ҷо ин илм дар шакли маҳдуд, яъне он дар алоҳидагӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳангоми таҳлил, баррасӣ ва омӯзиши он соҳаҳои дигари идоракунӣ дахл карда намешаванд, зеро ҷамъият, ки объекти асосии сотсиология мебошад, фарогирандаи кулли соҳаҳои идоракунӣ арзёбӣ мегардад. қисмати иҷтимоии
Ба омӯзиши идоракунӣ олимони зиёд саҳм доранд, аммо яке аз муваффақтаринҳо дар ин самт М. Вебер мебошад, ки назариёти ӯ ба ҷараёни низоми идоракунии имрӯза низ муносиб арзёбӣ мегардад. Мувофиқи назариёти М. Вебер оид ба ҷудокунии нақши дар сохтори идоракунӣ истифодаи самараноки ҳамаи намудҳои фаъолияти гуруҳӣ ва рушди низоми қоидаҳои бешахсиятӣ (таъсир надоштани шахсият) дар дохили ташкилот, ки ба идоракунии ҳокимият дар шакли иерархӣ (зинабандӣ) асос меёбад, тавсия гардидааст. бюрократия
Дар инҷо манфиатҳои инсонро, ки новобаста аз масъулияти мансабӣ ва ё хизматӣ (нисбат ба ҷомеа ва давлат) ба нафъи худ ва ё баҳри қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи худ равона мегардад ифода мекунад. шахсият
Бар ин мавзуъ назари муҳаққиқ бар он асос меёбад, ки аз як тараф хадамоти давлатии бюрократӣ тартиботи босамарро дар ҷомеа таъмин менамояд, аз тарафи дигар «ҳокимияти болоӣ» дар идоракунии ҷамъиятӣ шабеҳи «яккасардорӣ» мебошад. Ин усул хоси идоракунии сохти маъмурӣ мебошад, ки дар он мутахассисон ва ё хизматчиёни давлатӣ аз рӯи принсипи тақсимоти қатъӣ ва иерархияи вазифаҳо амал мекунанд. Мувофиқан хизматчиёни давлатӣ дар сохтори бюрократӣ худро иборат аз ду гуруҳ: умумӣ ва шахсӣ соҳиб мебошанд; онҳо манфиатҳои ҳокимият ташкил медиҳанд, аммо фарогири нафъи худи онҳо (хусусӣ) мебошанд. Чуноне дар ҳаёти имрӯза низ мушоҳида мегардад дар бисёр ҳолатҳо, бахусус ҳангоми аз назорат (аз ҷониби мақомоти болоӣ) дур мондан манфиати шахсии инсон / маъмур аз манфиати умумӣ (ҳукумат, ҷомеа) пеш гузошта мешавад. Маҳз ҳамин заифии сохтори бюрократӣ (камназоратӣ) боиси пайдо шудани коррупсия ва норозигии ҷамъият нисбат ба ҳокимияти давлатӣ мегардад. манфиатҳои хоси манфиатҳои умумии манфиатҳои шахсӣ
Новобаста аз ин, тибқи назари Вебер маҳз намуди бюрократии ташкилоти маъмурӣ навъи идоракунии беҳтарин мебошад, зеро он – метавонад дақиқият, устуворӣ, тартибот ва боэътимодиро дар муносибатҳои идоракунӣ таъмин созад ва қобили бадастории сифати олӣ бошад. Аммо намуди дигари идоракунӣ – , ки танҳо ба ташкили ҷамъияти касбиён (коршиносон), ки дониши васеро дар соҳаи иҷтимоӣ-гуманитарӣ аз рӯи сохторҳо, ваколатҳо ва сатҳҳои гуногуни иҷро фаро мегирад, қобил мебошад. Ин шакли ҳамгироии маъмурие мебошад, ки ба худ ҳам «сиёсатмадорон» ва ҳам «маъмурон» -ро шомил мегардонад. Ба ин намуди ташкилот ва ё идоракунӣ дар Тоҷикистон фаъолияти Иттифоқи журналистон, Иттифоқи матлубот, Иттифоқи нависандагон, Иттиҳодияи корфармоён, Шӯрои миллии ҷамъиятӣ ва ғайра мисол шуда метавонад. идоракунии маъмурӣ идоракунии оммавӣ / ҷамъиятӣ
Дар мавазуи идоракунии ҷомеа, бахусус принсипҳои либералӣ ва демократии идоракунӣ саҳми муҳаққиқон, аз қабили Руссо Ж., Локк Д. Ж., Спиноз Б. ва дигарон хеле зиёд аст.
К. Маркс ва Ф. Энгелс низ дар ташаккули консепсияи идоракунии ҷамъият саҳми босазо гузоштаанд, чуноне дар яке рисолаҳои худ овардаанд: « Омилҳои бошууронаи идоракунӣ дар фаъолияти мақсадноки одамон, таъсиррасонии институтҳои ҷамъиятӣ, амали ташкилотҳои таъминкунандаи тартибот ва озодии нисбӣ аз ҳолатҳо, бедодӣ, фалокат ифода меёбад».
Ҳар як ташкилот хоҳ хурд хоҳ бузург фаъолияти худро ба иҷрои якчанд вазифаҳои муайян равона месозад. Ба вуҷуд омадани хирқи (феномени) иҷтимоии махсус – идоракунӣ, ба пайдо шудани фардҳои алоҳида ва гуруҳҳои машғули фаъолияти идоракунӣ боис мегардад. Идоракунӣ низоми муносибатҳои намуди иерархияи (зинабандии) иҷтимоии фарогирандаи назорат, ҳокимият, мартаба, мақом ва нақш мебошад намуди фаъолиятест, ки вазифаи он роҳбарии одамон ва ё .
Дар илми муосир идоракунӣ соҳаи дониш ва намуди фаъолиятест, ки ба 4 амалҳо ва ё вазифаҳо: банақшагирӣ, ташкилӣ, сабабнокӣ (ҳавасмандгардонӣ) ва назорат асос меёбад.
Сотсиологияи идоракунӣ – илми ҳудудӣ буда, дар сарҳади ду фанҳои мустақил сотсиология ва идоракунӣ пайдо шудааст. . Сотсиологияи идоракунӣ ҷараёни ташаккулёбӣ, амалкунӣ ва рушди соҳаи муайяни фаъолияти ҳаёти ҷамъиятиро баррасӣ намуда, механизми муносибатҳо ва тағйиротҳои иҷтимоӣ, қонунияти амалҳо ва рафторҳои иҷтимоиро дар раванди идоракунӣ меомӯзад
Дар инкишофи сотсиологияи идоракунӣ хизмати муҳаққиқони назарияшинос ва амалия Ф. Тейлор, А. Файол, М. Вебер, Г. Форд, Г. Эмерсон, Э. Мэйо, Р. Мертон ва дигарҳо назаррас мебошад.
Хусусияти хоси сотсиологияи идоракунро ҳамчун назарияи сотсиологияи алоҳида (махсус), инчунин объект ва предмети он метавон ба мақсадҳои зерин ифода намуд.
яке аз масъалаҳои муҳими сотсиологияи идоракунӣ ин омӯзиши омилҳои воқеие мебошад, ки мазмуни ҳаёти иҷтимоӣ ва фаъолияти доиморушдёбандаи идоракуниро ташкил медиҳад. Омӯзиши омилҳое, ки дар он хусусиятҳои амалҳои мутақобилаи он шахсоне изҳор мегардад, ки: идоракунии ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои гуногуни иҷтимоиро ба уҳда доранд – идоракунандагон; ва ё (шахсоне ки) дар мақоми роҳбарикунанда шомил намебошанд ва дар фаъолияти идоракунӣ иштирок намекунанд ва (мутаносибан) маҷбур ҳастанд, ки тобеи дигарон (роҳбарон) бошанд, амр, фармон ва дастурҳои онҳоро иҷро намоянд – идорашавандагон. Якум, –
сотсиологияи идоракунӣаз байни омилҳои зиёди воқеӣ ва гуногунишакли ҷамъгардидаи мансуб ба фаъолияти идоракунӣ муҳимтарини онҳоро ҷудо мекунад ва бо ҳамин восита: раванди рушдёбии ҷараёнҳои идоракуниро; тағйирёбии вобастаи ин омилҳоро аз тағйирёбии шароитҳои фаъолияти ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ-фарҳангии одамон; инкишофи гуруҳҳо, ҷамъиятҳо ва дар умум ҷомеаро муайян менамояд. Дуюм, –
вазифаисотсиологияи идоракунӣ иборат аст: аз эзоҳ (шарҳ) додани зарурати дар низом ва сохтори фаъолияти идоракунӣ ба вуҷуд омадани ин ё он навовариҳо ва усулҳои муносиб ва нави амалии татбиқи онҳо (дар ҷараёнҳои идоракунӣ) бо назардошти шароити мувофиқ. Сеюм, –
Дар баробари ин, агар муайян кардани тамоюли рушди фаъолияти идоракунӣ, баҳогузории аҳамиятнокии он, зарурати назарияҳои нави идоракунӣ, асоснокӣ ва самаранокии онҳо, имкониятҳои татбиқи ин назарияҳо дар ояндаи начадон наздик ва ё дур имконпазир гардад, пас ин маънои онро дорад, ки сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як масъалаи дигарро () -ро ҳал намояд. чаҳорум
3.2 Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракунӣ
Гуруҳбандӣ намудани масъалаҳои сотсиологияи идоракунӣ имконият медиҳад, ки он иборат аз 4 гуруҳҳои зерин муайян карда шаванд: вазифаҳои асосии
– – таҳлилу омӯзиши хусусиятҳои асосии идоракунӣ ҳамчун соҳаи махсуси фаъолияти меҳнатӣ, муайян кардани нақш ва аҳамиятнокии идоракунӣ дар рушди ҷамъият ва зерсохторҳои он, ташкилотҳо, гуруҳҳо ва ғайра; Маърифатӣ
– баҳогузории сатҳ ва ё андозаи мувофиқат кардани (ё ин ки баракс мувофиқат накардани) сохти ҷории низоми идоракунӣ ба тамоюлҳои ҷамъият, интизориҳои иҷтимоӣ, талабот ва манфиатҳои қисми зиёди аҳолӣ; дарёфти посух ба саволҳои хусусиятнок, ба монанди низоми идоракунӣ аст ё ; ташаббусҳои шахсони алоҳида, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро рушд медиҳад ё ин ки маҳдуд мекунад?. Ҳамчунин, ин вазифа имконият медиҳад, ки аз байни омилҳои бисёр ва гуногунҷанбаи идоракунӣ беҳтаринҳо ва муносибтарини онҳо ба шароити дахлдор ҷудо карда шаванд, зимнан равандҳои рушди ҷараёни идоракунӣ ва вобастагии онҳо ба тағйирёбии сохторҳои ҷамъият, гуруҳҳои алоҳида ва одамон муайян карда шаванд; Баҳодиҳӣ – демократӣ авторитарӣ
– барои муайян кардани муҳимтарин тағйиротҳои эҳтимолии наздик ва ё дур дар фаъолияти идоракунӣ равона шудааст. Ин вазифа яке аз василаҳое мебошад, ки дар ташкил ва таъмини самаранокии ҷараёнҳои идоракунӣ ба сифати сипари муҳофизатӣ ва кафолатнок истифода карда мешавад; Пешгӯӣ ва пешбинӣ —
– аз худ кардан ва такмили дониш, маҳорат ва малака оид ба тарзу усулҳои идоракунӣ. Ин вазифа асосан хусусияти мунтазамӣ дорад, аммо бо тақозои ҷомеаи муосир он ҳангоми зарурат бар асоси аҳамиятнокии консепсияҳо ва равандҳои муайяни идоракунӣ; ташаккул, таҳким ва пешбинии инкишофи онҳо дар оянда ба амал бароварда мешаванд. Таълимӣ (омӯзишӣ) –
Дар баробари ин, сотсиологияи идоракунӣ метавонад боз як вазифаи муҳими дигареро иҷро намояд – (5) , ва бо ин васила дар ҷамъият ҳамчун воситаи амалии такмилдиҳандаи низоми идоракунӣ метавонад нақш гузорад. мусаллаҳ гардонидани кадрҳои идоракунӣ бо усулҳои нав технологияҳои идоракунӣ
Ҳамин тариқ, вазифаҳои сотсиологияи идоракунӣ дар маҷмуъ механизм ва ё муҳаррикеро ташкил медиҳад, ки тақозои замони муосир буда, бар асоси принсипҳои демократии идоракунӣ – боло гузоштани қимат ва нуфузи инсон ташаккул ёфта, танҳо истифодаи бомароми онҳо низоми устувор ва рушдёбандаи идоракунии ҳар як ташкилот, гуруҳҳо ва ҷамъиятҳоро метавонад таъмин созад.
3.3 Объект ва предмети сотсиологияи идоракунӣ
Ҷараёни идоракунӣ, ки аз ҷузъҳои бисёр ва гуногунсифат иборат мебошад дар доираи илмҳои гуногун – сиёсатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, равоншиносӣ ва иқтисодӣ омӯхта мешавад. Аммо ҳар кадоме аз онҳо объект ва предмети хоси тадқиқотро барои худ ҷудо менамояд.
Зимнан – ин ҷараёнҳои идоракунии дар ҷомеа ва зерсохторҳои алоҳидаи он (сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иҷтимоӣ – фарҳангӣ) ва ё ташкилотҳо (корхонаҳо, муассисаҳо ва диг.) амалдошта мебошанд, ки баррасӣ ва тафсири онҳо ҳамчун мутақобилаи иштироккунандагони гуруҳҳои оилавӣ, касбӣ, ҳудудӣ ва гуруҳҳои дигари муттаҳидшуда, равандҳои мухталифи , мутақобила ва ба роҳ монда мешавад. объекти сотсиологияи идоракунӣ амалҳои ҳамкорӣ дастгирии рақобатнокӣ
ин омӯзиш, баҳодиҳӣ ва такмилдиҳии ҷараёнҳои идоракунии намудҳои гуногуни ҷамъиятҳо, ташкилотҳо, институтҳои иҷтимоӣ ва дар умум ҷомеа мебошад. Ҳар кадоме аз ин институтҳо, албатта дар худ низоми махсуси амалҳои мутақобилаи иҷтимоии фардҳо ва гуруҳҳои одамонро ифода мекунанд. Предмети сотсиологияи идоракунӣ –
Муайян кардани объект ва субъекти сотсиологияи идоракунӣ ба мо имконият медиҳад, ки ҷузъиёти беши ин соҳаи илми ҷамъиятшиносиро муайян созем.
Сотсиологияи идоракунӣ қисми илми ҷомеашиносӣ мебошад, ки низом ва равандҳои идоракуниро дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои идоракунӣ меомӯзад.
Сотсиологияи идоракунӣ фаъолияти гуногуншакли мақомоти идоракунӣ, давлатӣ ва ҷамъиятиро ҳамчун низомҳои иҷтимоӣ меомӯзад, аз ҷумла мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд:
– интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва омодасозии кадрҳои идоракунанда дар маҷмуъ;
– муносибат ва амалҳои мутақобилаи байни кормандони дастгоҳи маъмурӣ (роҳбарикунанда), зертобеъ ва кормандони сохторҳои ташкилӣ;
– ташаккулдиҳии мақсадҳои идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ, иҷтимоӣ-психологӣ ва мувофиқати онҳо ба манфиатҳо ва интизориҳои кормандон;
– масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои бонизоми иҷтимоӣ, ки ба омӯзиши амиқ ва таъсиррасонии субъекти идоракунӣ (идоракунанда) ба объекти иҷтимоӣ (идорашаванда) дар роҳи расидан ба мақсади гузошташуда асос меёбад.
Дар маҷмуъ сотсиологияи идоракунӣ сохторҳои идоракунии давлатӣ, ҷамъиятӣ ва муташаккилро ҳамчун як низоми томи иҷтимоӣ меомӯзад. Мавзӯи ин илм интихоб намудан ва ҷобаҷо намудани кадрҳо, танзими дурусти муносибатҳо байни роҳбарият ва кормандон, беҳтар намудани шеваи мудирият ва ғайра мебошад. Дар ин ҷо ҳадафҳои иҷтимоии идоракунӣ бо назардошти меъёрҳои иҷтимоӣ ҳамоҳангсозии манфиатҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон, таҳлили натиҷаҳои татбиқи қарорҳои маъмурият ва муносибатҳои кормандон пеш гузошта мешаванд.
Начислим
+12
Покупайте книги и получайте бонусы в Литрес, Читай-городе и Буквоеде.
Участвовать в бонусной программе