Читать книгу: «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», страница 5

Шрифт:

САВОЛҲО БАРОИ ТАҚВИЯТИ ДОНИИШ

– Сотсиологияи идоракунӣ чист?

– Вазифаҳои асосии сотсиологияи идоракуниро номбар кунед?

– Объекти сотсиологияи идоракунӣ чиро фаро мегирад?

– Предмети сотсиологияи идоракуниро тавзеҳ диҳед?

АДАБИЁТ ВА ДИГАР МАНБАҲОИ МАЪЛУМОТ

– Бюрократия [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ:  http://files.school-collection.edu.ru/dlrstore/ae0daf13-6994-8c34.htm

– Гостенина В. И. Социология управления [Матни аслӣ]: Учебное пособие. Стандарт третьего поколения. – СПб.: Питер, 2013. – 368 с.

– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матни аслӣ]. – Душанбе: 1994

– Корпоративная культура. [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ:  https://ru.wikipedia.org/wiki/

– Предвидение [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ:  http://www.chronos.msu.ru/old/TERMS/razumovsky.htm

– Раззоқов Б. Ҳ. Идораи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемаҳои ҳуқуқии назария ва амалия [Матни аслӣ]. – Душанбе: «Ирфон». – 2007. – 236 с.

– Система социального управления [Маводи электронӣ] – Тарзи дастрасӣ:  http://www.pravo.vuzlib.su/book_z872_page_17.html

– Социальные нормы и их классификация [Маводи электронӣ]. – Тарзи дастрасӣ:  http://lawtoday.ru/razdel/biblo/tgp/078.php

– Тощенко Ж. Т. Социология управления. Учебник. [Матни аслӣ] – М.: Центр социального прогнозирования и маркетинга, 2011. – 300 с.

§4. САМТҲОИ АСОСИИ
СОТСИОЛОГИЯИ ИДОРАКУНӢ

4.1 Шаклҳои идоракунии иҷтимоӣ

Барои идоракунии босамари иҷтимоӣ мебояд масъалаҳои актуалӣ ва тарзу усулҳои ҳамкории ҷамъиятиро бо назардошти камбудиҳо ва ё монеаҳои бархурдгардида омӯхт ва зимни қабули қарорҳо ба инобат гирифт – принсипҳо ва самтҳои муайяншударо дар рушду такомули идоракунии иҷтимоӣ бомаром ба кор бояд бурд.

Дар заминаи идоракунии иҷтимоӣ зарур аст, ки оқибатҳои дури (ояндаи) фаъолияти истеҳсолӣ муайян гарданд, мувофиқан имконият фароҳам оварда шавад, то ин ки ин оқибатҳо мавриди баррасии доимӣ ва танизм қарор дода шаванд.

Таърихи начандон дури мо нишон дод, ки бархурдҳо ва ё ихтилофотҳои иҷтимоӣ дар низомҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохти сотсиалистии ҷомеа хеле зиёд мебошанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузариш аз сохти демократии идории солҳои 1920-ум ба низоми дурушт ва муттамаркази авторитарӣ-бюрократии соли 1950-ум оқибатҳо ва қафомонии зиёдро ба бор овард. Бюрократизм дар асл худ ба худ мухолифи принсипҳои сотсиализм буд (ва мебошад), воқеан барои рушди он монеаҳо эҷод мекард. Чунон ки принсипи асосии сотсиализм – баробарии иҷтимоӣ ҳар қадам бо эҷод гардидани услуби тобеияти қатъӣ ба марказ (ҳокимияти мутлақ), басинфҷудокунии ҷомеа: синфи коргар, зиёӣ, миёна, болоӣ ва ғайра, афзалият ба истеҳсолот на ба инсон вайрон мегардид.

Идомаи рукнҳои бюрократӣ, ҳукмфармоӣ ва маҳдуд кардани имкониятҳои мустақилонаи рушд, манъ кардани муаррифии васеи урфу одатҳо, фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ дар низоми коммунистии солҳои 60-80-ум оқибат ба барҳам хурдани сотсиализм боис гардид (ин яке аз омилҳои муътамад ба ҳисоб меравад). Ин муносибат нисбат ба халқи тоҷик низ, ки таърих, тамаддун ва фарҳанги ғанӣ дорад, бисёр бараъло ба назар мерасад. Ҷумҳуриҳои шарқзамин барои давлати Шӯравӣ асосан ба сифати воситаи истеҳсолот – коркарди пахта, гандум, истихроҷи нафт, газ ва ғайра истифода мегардиданд, манфиатҳои миллӣ ва фарҳангии мамлакатҳои шомили ин минтақа бошад, дар муносибатҳои идоракунӣ хеле дур монда буданд ва ташаббусҳои онҳо низ дар ин ҷодда дастгирӣ намеёфтанд.

Низоми тозабунёди демократӣ, ки ба қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон мустақилияти томро ба бор овард, дар назди мо, аз ҷумла ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ талаботи зиёде пеш мегузорад, то ин ки хатогиҳои саддаҳои гузаштаро такрор насозем, камбудиҳоро дар фаъолияти ҳамрӯзаи меҳнатӣ-истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ ошкор намоем ва оқибатҳои наздику дури онро дар таносуб ба бартарафсозии бархурдҳо пешгирӣ намоем.

Низоми мазкур азнавсозӣ ва ислоҳоти пайдарпайи механизми идоракуниро дар мамлакат тақозо менамояд. Дар ин ҷо зарур аст, ки начандон ба ҷанбаҳои сиёсӣ, балки ба рукнҳои иҷтимоии идоракунӣ афзалият дод. Ин вазифагузорӣ дар навбати худ, тақозо бар он дорад, ки асосҳои илмии ин самт, тарз ва маҷмӯи амалҳои идоракунии он омӯхта шуда, мавриди истифодаи васеъ қарор дода шаванд.

Дар баробари ин, илми сотсиологияи идоракунӣ зарурати тағйироти куллиро дар идоракунии ҷараёнҳои сиёсӣ ва руҳию фарҳангӣ тақозо мекунад, зеро танҳо ҷомеаи бомаданият ва бомаърифат метавонад ҳамагуна бархурдҳоро истодагарӣ намояд.

Дар ҳамбастагӣ ба ин метавон идоракунии иҷтимоиро дар се шаклҳо ва ё самтҳои зерин баррасӣ намуд:

Дар идома ба таҳлили боло идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун узви собиқ ИҶШС метавон аз солҳои 1920-уми асри гузашта иқтибос овард. Яке аз самтҳои фаъоли ин шакли фаъолиятро вазифаҳои хоҷагидорию истеҳсолии давлат ташкил медод.

Дар рӯзҳои аввали ташкилёбии ИҶШС Шӯрои олии хоҷагии халқ (1917) ташкил меёбад, мувофиқан намояндагиҳои он дар тамоми ҷумҳуриҳои аъзо ва минтақаҳо таъсис дода мешаванд. Мақсади асосии ин иқдом ба таври муттамарказ идора ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти хоҷагидорӣ буд, ки ба корҳои илмию тадқиқотии Стумилин Г. ва Леонтев В. дар самти имкониятҳои идоракунии маҷмӯи хоҷагидории халқ асос меёбад. Дар ин солҳо аввалин ташкилотҳои пайдо шуда, зери роҳбарии ташкилоти махсусгардонидашуда бо номи «Нақшаи давлатӣ» (Госплан) фаъолият мекарданд. Ин низом дар навбати худ масъули идоракунӣ ва танзими ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ муқаррар гардида буд. Яъне, хоҷагиҳо барои ташкили фаъолияти хоҷагидорӣ, зимнан супоридани молу маҳсулот ва андоз нақша баста (уҳдадор) мешуданд. банақшагирӣ

Дар ин ҷо, фарқият байни идоракунии хоҷагидории низоми демократӣ ва сотсиалистӣ дар он инъикос меёбад, ки дар яке (демократӣ) фаъолияти хоҷагидорӣ озод буда, хоҷагиҳо танҳо барои супоридани андози давлатӣ аз ҳаҷм, навъ ва шакли истеҳсолот масъул мебошанд; дар низоми сотсиалистӣ бошад, аз хоҷагидорон ҳам андоз ва ҳам молу маҳсулот ситонида мешавад, яъне фаъолияти хоҷагидорӣ озод набуда, тибқи фармоиши давлатӣ ба роҳ монда мешуд.

Низоми нақшабандии хоҷагидорӣ байни солҳои 1930—1950 дар шакли идоракунии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, охирҳои солҳои 50-ум кӯшишҳои ба идоракунии ҳудудӣ табдил додани хоҷагидорӣ амалӣ шуда буданд. Аммо солҳои 65-ум боз баргашт ба низоми қаблӣ – идоракунии соҳавии хоҷагидорӣ дар мисоли вазорату идораҳо роҳандозӣ мегардад.

Зимнан пас аз солҳои 80-ум бо назардошти даврони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои марбут ба идоракунии иқтисодӣ-хоҷагидорӣ ба самти нав равона гардида, бештар хусусияти иҷтимоӣ-гуманистӣ касб мекунад. Агар то ин давра дар назди низоми идоракунӣ дар мадди аввал манфиатнокии (даромаднокии) иқтисодӣ меистод, яъне шахс танҳо барои меҳнати истеҳсолӣ истифода мегардид, пас акнун муносибат дигар мегардад – нақши инсон дар фаъолияти меҳнатӣ боло меравад ва ба шахс сараввал ҳамчун шахсият ва сипас истеҳсолкунанда афзалият дода мешавад. Чунки дар шароити муосир маҳз бо таваҷҷуҳ ба шахсияти инсон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳавасмандӣ, қонеъгардонии маънавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ имкон пайдо мегардад, ки истеҳсолот низ зиёд гардад ва иқтисодиёт рушд кунад.

Илова бар ин, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ бозори меҳнат онро тақозо менамояд, ки дар идоракунӣ ба имконоти зеҳнии инсон афзалият дода шуда, он ба таври васеъ истифода гардад, то ин ки самаранокии хоҷагидорӣ, истеҳсолот ва рақобатнокии маҳсулот ба даст оварда шавад. Зимнан мебояд зикр намуд, ки баландбардории сифати меҳнати шахсӣ ва ҷамъиятиро наметавон бе иштироки инсон дар идоракунии истеҳсолот таъмин намуд.

Нуктаҳои асосӣ дар идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ин ташкил ва кафолати муносибатҳои адолатнок дар тақсими ғаниматҳои моддӣ, мувофиқати андозагирии меҳнатӣ-истеҳсолӣ ба ченаки истеъмолӣ, таъмини бехатарӣ дар кор, ташкили фароғат ва истироҳат, тандурустӣ ва ғайра барои инсон ба ҳисоб меравад.

, ба монанди пайдо гардиданд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон дар самти рушди иқтисодиёти миллӣ ҳавасманд гардонидан ва ҷалби иштироки ҳарчи теъдоди зиёди субъектҳои иқтисодӣ барои сармоягузорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва корҳои нав механизмҳои муосири идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ташаккул ёфтнад; таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсаднок (соҳавӣ ва минтақавӣ) ва ташкил гардидани минтақаҳои озоди иқтисодӣ рӯи кор омаданд. Дар шароити муносибатҳои бозоргонӣ шакли нави фаъолияти хоҷагиҳои истеҳсолӣ ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, биржаҳо, ассотсиатсияҳо, корхонаҳои муштарак

Дар ин самт Тоҷикистон ҳамчун кишвари иҷтимоӣ қадамҳои муайяни хусусияти миллию байналмилалидошта гузошта истодааст. Ҳанӯз соли 2000-ум дар баробари 191 кишварҳои ҷаҳон Тоҷикистон Эъломияи ҳазорсолаи рушдро, ки бо тамом аз унсурҳои иҷтимоӣ иборат буд, ба имзо расонид. Бо мақсади фароҳам овардани замина барои рушди устувори кишвар ва таъмини раванди муназзам ва дурнамои рушд мутобиқ ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола соли 2007  барои давраи то соли 2015 қабул мегардад. Дар заминаи ин, барои расидан ба ҳадафҳои миллии стратегӣ якчанд барномаҳо ва нақшаҳои миллӣ таҳия ва табиқ мегарданд. Дар ин самт, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ки масъалаи хеле муҳим барои Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ба тасвиб мерасад ва дар натиҷаи амалисозии он сатҳи камбизоатӣ аз 81% (дар соли 1999) то ба 31% (дар соли 2015) коҳиш дода мешавад. Дар соли 2016 бошад, бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва бо назардошти уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба Рӯзномаи асри XXI ва Ҳадафҳои рушди устувор, ки дар ҷаласаи 70-уми Ассамблеяи Генералии СММ (сентябри 2015) тасдиқ шудаанд, барои давраи то соли 2030 ба тасвиб мерасад. Дар ин ҳуҷҷати давлатӣ 4 ҳадафҳои стратегии рушд барои 15 соли ояндаи Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд: 1) таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; 2) аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; 3) таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат; 4) вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул. Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар баробари ин, барои рушди соҳаҳо ва минтақаҳо барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат ва дарзомуҳлат мунтазам қабул ва амалӣ гардонида мешаванд, ки дар маҷмуъ механизми идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодии кишварро ташкил медиҳанд. Мисоли ин барномаҳо «Барномаи рушди маориф барои солҳои 2010—2015», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2016—2018», «Барномаи рушди нерӯи зеҳнии инсон то соли 2020», «Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти Хатлон», ва ғайра шуда метавонанд.

Яке аз нуктаҳои муҳими сиёсати барномасозии Тоҷикистон дар ҳамин давраи фаъолият ба он асос меёбад, ки Ҳукумат барои / дар ояндаи наздик ба таҳкими нерӯи институтсионалӣ бо назардошти ташаккул додани низоми самарабахши идоракунии давлатӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар ҳама муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ афзалият додааст.

Мутаносибан зарур мегардад, ки заминаҳои устувори илмию методологии ҷараёнҳои идоракунии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар умум дар кишвар ва дар алоҳидагӣ нисбат ба ҳар як субъекти идоракунӣ бо назардошти талаботи иқтисоди бозоргонӣ ташаккул дода шуда, бо назардошти сиёсати давлатӣ дар ин самт механизмҳои мувофиқан нав ва муносиби идоракунии хоҷагидорӣ-истеҳсолӣ бо фароҳам овардани шароитҳои баробар, далелнок ва адолатхоҳ дар муносибатҳо амалӣ гардонида шаванд.

 
– Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
– Идоракунии ҷараёнҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ;
– Идоракунии ҷараёнҳои руҳӣ-фарҳангӣ.
 

4.2 Идоракунии равандҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ

Рӯи масъалаҳои идоракунӣ марбут ба ҷанбаҳои сиёсии он – ҳокимияти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ олими Ғарб М. Вебер бештар кор кардааст.

Бюрократизм новобаста аз хусусияти манфӣ доштанаш дар фаъолияти идораи давлатӣ бинобар муносиб будан барои назорат ва батанзимдарории муносибатҳо доимо истифода мегардад. Аз ин рӯ, М. Вебер бюрократияро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, чанде назариёти худро атрофи истифодаи босамари он пешниҳод менамояд. Олим ро барои ҳамаи намудҳои ташкилотҳо, пеш аз ҳама барои мақомоти идоракунии давлатӣ ҷудо менамояд. Аз ҷумла: а) тақсимоти ҷиддии меҳнат ва дараҷаи баланди ихтисосмандии идоракунанда; б) сохтори иерархии ҳокимият; в) якрангии амалҳои маъмурон, ки ба дастурҳои махсуси корӣ муайян шудаанд; г) муносибати холисона ва беғарази роҳбар бо тобеон ва муштариён; д) мавҷудияти дастгоҳи маъмурӣ; е) талаботи мушаххас ба касбият ва дигар сифатҳои кормандон ҳангоми интихоби онҳо ба кор. хусусиятҳои зарурии амалӣ ва самараноки бюрократия

Дар замони Шӯравӣ ғояҳои идоракунии сиёсӣ ба таври васеъ истифода бурда мешуданд. Онҳо пай дар пай дар ташаккули идораи сиёсӣ, аз ҷумла баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизби коммунистӣ ва табдил додани он то ба ҳизби мутлақ-дастгоҳи идоракунии давлатӣ истифода мегардиданд. Идеяҳои сиёсии коммунистӣ оғоз аз мактаббача (октябрят), наврас (пионер) то ба фарди ҷавон (комсомол) ва ташкили гуруҳҳои (коллективҳои) меҳнатию фароғатӣ паҳн гардида буданд. Ин тарзи идоракуниро ба -бюрократӣ шабоҳат додан мумкин аст, зеро дар он низоми назорати қатъӣ, зинабандии пирамидавии ҳокимият, афзалиятнокии меҳнат-истеҳсолот (на инсон ҳамчун шахсият) ва ҳукмфармоии сиёсии мутлақ-яккаҳизбӣ амал мекард. идоракунии шакли классикии авторитарӣ

Аммо ин низом охирҳои солҳои 1980-ум барҳам мехурад ва ба ҷойи ӯ низоми рақиб ва ё зидистода – демократизм ҳукмфармо мегардад. Боиси зикр аст, ки ин ду низоми бо ҳам зид асри XX задухурдҳои зиёди сиёсӣ доштанд ва то имрӯз доранд, яке принсипҳои идории дигареро намепазирад. Эҳтимол ҳамин буд, ки – истодагарӣ ва ё муқовимат карда натавонистани низоми коммунистӣ / сотсиалистӣ (аввалҳои соли 90-ум) ба пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ боис гардид. Дар баробари ин ба ҷомеаи худ то / дар ҳамин давра сахтиҳои зиёд – таназзули сатҳи иқтисодӣ, норасоии озуқаворӣ, мувофиқан камбизоатӣ, тангдастӣ, ноумедӣ ва дигар оқибатҳои нохуш ба бор овард. Аз ҷумла, Тоҷикистонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғуш гирифт, низоми идорӣ бо тамом барҳам хурд ва халқ на танҳо камбизоат гардиданд, балки барои зинда мондан талош менамуданд. Ин консепсияи идории хушбахтона пасмонда ва ё гузаштаро мумкин аст ба ташкилоти шабакавие иборат аз 15 зертобеъ / зерташкилоти бузург шабоҳат дод, ки ташкилоти болоиро дар ҳама намуди фаъолият итоат намуда, барои / бо он кор мекарданд. Лекин ҳангоме, ки ташкилоти болоиро буҳрон, бахусус таҳдиди сиёсӣ дучор омад ва муфлис, камиқтидор гардид, ташкилотҳои зертоберо ба ҳоли худ гузошт, аз масъулият ва уҳдадории парасторӣ, таъминот ва ҳифзи манфиатҳои онҳо даст кашид, ҳол он ки тамоми ғанимат ва арзишҳои моддӣ дар истифодаи бевоситаи он (ташкилоти болоӣ) қарор дошт. Аз ин собиқаи талхи ҳаёт, ки кулли шаҳрвандони собиқ кишварҳои узви ИҶШС, бахусус Тоҷикистон онро диданд, хулоса бармеояд, ки поёни / оқибати низоми идоракунии авторитарӣ ва ё ҳукмронии мутлақ, ин шикаст, беҳокимиятӣ ва дар як замон аз даст додани тамоми иқтидор ва ғанимату арзишҳои моддию моллӣ мебошад.

Низоми идоракунии демократӣ бошад, барои Тоҷикистон баракс новобаста аз «меросҳои низоми гузашта» ба халқ ҳамчун миллат, соҳибфарҳанг, соҳибтамаддун ва давлат мустақилият, соҳибихтиёрӣ ва комилҳуқуқӣ дод ва дар муддати кӯтоҳтарин ҳамчун воҳиди том ба ҷаҳониён ҳамчун узви комилҳуқуқ шинохт намуд.

Сохти демократӣ ҳолатҳои зиёди гуногунқолибӣ ва ихтилофоти сиёсӣ, муборизаҳои идеологӣ ва фарзияҳои мухталифро оид ба тағйиротҳо пеш овардааст, ки аз принсипҳои идории он бармеояд. Яъне, ин сохт майдоне мебошад, ки дар он на як (чун коммунизм), балки якчанд субъект / ташкилот дар шароити баробари рақобатнок баҳри беҳдошти ҳаёт ва вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатии гуруҳҳои мақсаднок (шаҳрвандон) қувваозмоӣ мекунанд ва албатта ғолиб дар як давраи муайян бо амалӣ намудани ғояҳои пешниҳонамудаи худ (ва аз ҷониби халқ қабулшуда) ҳукмфармоӣ мекунад, аммо мубориза анҷом намеёбад; баръакс рақибон имкониятҳои худро барои рақобати (муборизаи) оянда хубтару беҳтар менамоянд.

Дар инҷо метавон ба таври васеъ бартарияти ин ду низоми идории гуногуни сиёсиро (коммунизм / сотсиализм ва демократизмро) баҳогузорӣ намуд. Дар мисоли боло нисбат ба низоми коммунизм бараъло муайян гардид, ки ҳукмфармоии мутлақ оқибати фалокатбор дорад ва наметавонад дар воқеъ рисолати худро – адолати иҷтимоиро таъмин созад. Аммо низоми дигари сиёсӣ – демократизм бо принсипи гуногунандешӣ ва фароҳам овардани шароити рақобатнок имконият фароҳам меорад, ки дар идоракунии давлатӣ на як, балки якчанд субъекти хоҳиш ва азму иродаи ҳукмфармоидошта иштирок намоянд. Дар ин ҳолат, яъне (имконияти баробари) ҳукмфармоии баробари якчанд субъект эҳтимоли шикаст хурдани низоми идории сиёсӣ дур мемонад, зеро ҳангоми бохти як субъект, субъекти дигар омода аст, ки ҷойи ӯро дарҳол ишғол / пур намояд. Яъне, субъекти ҳукмфармо дигар мешавад ва ё шикаст мехӯрад, аммо на низом ва ё сохти идории сиёсӣ; мувофиқан давлат томияти худро гум намекунад, баръакс дар шароити рақобатҳои байни субъектҳои сиёсӣ устувор шуда, кафили осоиштагӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа мегардад.

Сохти демократии идоракунӣ аз ҷанбаҳои зиёди иҷтимоӣ иборат мебошад. Он имкон медиҳад, ки халқ дар идоракунии давлатӣ ба воситаи намояндаҳои худ ва ё бевосита иштирок намояд. Ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ эътирофи шахсияти корманд, таъмини бехатарӣ, суғуртаи тандурустӣ, ташкили шароитҳои фароғатӣ ва пардохти маоши муносиб аз меъёрҳои ҳатмӣ ба шумор мераванд.

Дар намуди идоракунии иҷтимоӣ-сиёсӣ ба усулҳои техникӣ —истеҳсолотии меҳнат афзалият дода намешавад, дар мадди аввал ташкили механизми идораи сиёсати самаранок ва рушдёбанда бо назардошти маҳдудкунии низоми худидоракунӣ (муттамарказ) ва васеъ гардонидани имкониятҳои иштироки ҳар як корманд / шахс дар ҳалли масъалаҳои муҳим меистанд.

Дар ниҳоят сиёсат на танҳо илм, балки санъат аст; санъати идоракунӣ, қабули қарорҳои сиёсӣ, ҳунармандӣ ва маҳорати мутобиқшавӣ дар шароитҳои махсуси сиёсӣ мебошад. Бинобар ин, идораи самараноки он ҳам адолат ва ҳам шароити хуби зиндагӣ ба ҷомеа фароҳам меорад.

4.3 Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ-фарҳангӣ

Идоракунӣ дар ҳаёти маънавӣ ва ё руҳӣ-фарҳангӣ хусусияти шартӣ дорад, чун он наметавонад дурушт буда, ба нишондиҳандаҳои миқдорӣ асос ёбад. Ин намуди идоракунӣ асосан омӯзиши амиқи ҳолатҳои руҳӣ, пайдо кардани равандҳо ва пешбинӣ намудани тағйиротҳои имконпазирро зимни ташаккул ва эътирофи арзишҳои маънавӣ фаро мегирад.

Ин муносибат таъсиррасонии амиқ ва фасеҳро ба тағйиротҳои дар соҳаи илм, маориф, адабиёт ва санъат рухдодаистода тавсеа мебахшад. Зимни идоракунӣ одатан ҷараёнҳои ташкилии муносибатҳои фарҳангии мутақобилаи миллӣ ва маҷмӯи проблемаҳои ҷойдоштаи мансуб ба тафаккури ҷамъиятӣ монеаҳои зиёд пеш меорад. Аз ин рӯ, сотсиологияи идоракунӣ ба омӯзиши хориқаҳо, ба монанди урфу одатҳои халқӣ, анъанаҳои таърихӣ, муносибатҳои динӣ ва хосиятҳои дониши амалии илмӣ равона гардидааст. Идоракунии ҷараёнҳои маънавӣ ба ташкили шароитҳои воқеӣ барои амалисозӣ ва қонеъгардонии талаботи фарҳангӣ ва шавқу рағбати ҳар як шахс равона мегардад.

Дар қатори проблемаҳои идоракунии марбут ба ҳаёти манънавии ҷомеа ҷойи асосиро мушкилоти сотсиализатсияи (мутобиқати иҷтимоии) шахс ва ташаккулёбии шахсони ислоҳотгар / қобили тағйиротҳои куллӣ ва манфиатнок (нисбат ба ҷомеа) ишғол менамояд. Тағйиротҳои ҳаёти маънавӣ бавосита ва ё бевосита аз омилҳои моддӣ ва сатҳи истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҳангоми идоракунӣ имкониятҳои моддӣ ва мавҷудияти заминаҳои ва шартҳои иқтисодӣ барои ҳалли мушкилоти пайдошаванда ба инобат гирифта мешаванд.

Талаботи руҳии фарҳангӣ ва ё маънавиро мебояд тамоми намудҳои ташкилотҳо ба инобат гиранд, чунки маҳз таваҷҷуҳ накардан ба хусусиятҳои маънавию фарҳангии шахс, аз ҷумла ҳангоми ислоҳоти идоракунӣ он метавонад ба оқибатҳои нохуб ва танназулёбии соҳаи идоракунӣ оварда расонад. Аз ҷумла, ҳангоми ислоҳот ва ё азнавташаккулдиҳии низоми соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, дин ва адабиёт зарур аст, ки талабот ва воқеияти ҳаёти маънавии фарҳангии шаҳрвандон ба асос гирифта шавад. Мисол: дар Тоҷикистон қисми зиёди аҳолӣ дини мубини Исломро пайравӣ мекунанд ва рукнҳои тарбиявии маънавии он дар вуҷуди ҳар як шахс ҷой гирифтааст. Аммо ин афзалият ва ё рисолати аслии дини Ислом – панду ҳикмат, тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят кардани инсон то ҳадди зарурӣ дар низоми ташкилии идоракунӣ ҷой нагирифтааст. Дар ин ҷо боиси зикр низ мебошад, ки яке аз сабабҳои афзоиш ёфтани рафтору кирдорҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомил шудани онҳо ба ҳаракатҳои экстремистӣ, ин ба таври зарурӣ истифода ва ё талқин нагардидани рисолати асосии дини Ислом дар байни онҳо арзёбӣ мегардад.

Бешубҳа, идоракунии ҳаёти маънавӣ ва ё руҳии фарҳангӣ ба яке аз самтҳои муҳими мувозинатдорандаи рушди ояндаи давлат табдил ёфта истодааст, зеро он ва ҷамъият дар баробари заминаҳои хуби моддии ташкилӣ асосҳои устувори ҷаҳонбинӣ ва ягонаи ғоявиро тақозо менамояд.

Бесплатно
400 ₽

Начислим

+12

Покупайте книги и получайте бонусы в Литрес, Читай-городе и Буквоеде.

Участвовать в бонусной программе
Возрастное ограничение:
18+
Дата выхода на Литрес:
28 февраля 2019
Объем:
443 стр. 22 иллюстрации
ISBN:
9785449637376
Правообладатель:
Издательские решения
Формат скачивания: