Читать книгу: «Сотсиологияи идоракунӣ. Маводи таълимӣ», страница 3
2.5 Сохтори қонунгузорӣ ва ё намояндагии идораи давлатӣ
Шохаи намояндагии идораи ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Маҷлиси Олӣ (парламент) аз ду Маҷлис (палата): Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат мебошад.
Нақши асосии Маҷлиси Олӣ ин намояндагии халқ дар назди дастгоҳи давлатӣ мебошад, мувофиқан ҳайати он бо пешбарии халқ ва бо робитаи зич бо шаҳрвандони Тоҷикистон фаъолият менамояд.
ва ё маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон чунин салоҳият дорад: Маҷлиси Олӣ
– Тасдиқи фармони Президент дар бораи таъин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат;
– Тасдиқи фармони Президент дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷангӣ ва вазъияти фавқулодда;
– Ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон;
– Таъини интихоботи Президент;
– Қабули истеъфои Президент;
– Сарфароз гардонидани Президент бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаи олии ҳарбӣ;
– Баррасии масъалаи дахлнопазирии Президент.
2.5.1 Маҷлиси миллӣ
Маҷлиси миллӣ палатаи болоии Маҷлиси Олӣ буда, қонунҳои дар палатаи поёнӣ – Маҷлиси намояндагон қабулшударо ҷонибдорӣ мекунад.
Ҳайат ва ё аъзои Маҷлиси миллӣ дар ду шакл ташкил меёбад. Якум, – қисми зиёди аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим ва ё ба воситаи маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (дар якҷоягӣ) интихоб мегарданд. Дуюм, – аз чор як ҳиссаи (1/4) узви Маҷлиси миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мегарданд.
салоҳияти зеринро соҳиб мебошад: Маҷлиси миллӣ
– Таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо;
– Интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
– Ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;
– Ризоият барои таъин ва озод намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ.
2.5.2 Маҷлиси намояндагон
Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳайат ва ё вакилони Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ (раъйпурсӣ) аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегарданд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба синни 30 расида бошад ва дорои таҳсилоти олӣ бошад, метавонад тибқи тартиби муқарраргардида вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шавад.
Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии Парламент ба салоҳияти зерин соҳиб мебошад:
– Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
– Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ;
– Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
– Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
– Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
– Таъини раъйпурсӣ;
– Таъсиси судҳо;
– Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
– Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
– Тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани раиси Бонки милли ва муовинони ӯ;
– Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
– Муайян намудани маоши Президент.
Сохтори идоракунии Маҷлиси намояндагон иборат гардидааст аз:
– Раёсат – Раис ва муовинони ӯ, ки аз ҳисоби вакилони халқӣ ташкил дода мешавад;
– Шӯро – аъзои он ҳайати Раёсат ва раисони кумитаҳо ва комиссияҳо аз ҳисоби вакилон мебошад;
– Кумитаҳо ва комиссияҳо (9 адад) – аз рӯи соҳаҳо ташкил ёфта, бо назардошти касбият вакилонро ҷалб месозанд, инчунин ба сифати ёрирасон дар сохтори онҳо хизматчиёни давлатӣ фаъолият мекунанд;
– Фраксия ва гуруҳҳои вакилон – аз рӯи аъзогии вакилон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони беҳизб ташкил карда мешавад. ; Мисол: Фраксияи ҲХДТ, Гуруҳи вакилони беҳизб
– Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон – аз хизматчиёни давлатӣ ва кормандони техникӣ иборат буда, барои фаъолияти пурсамари вакилон шароитҳои зарурии корӣ ва техникию маиширо фароҳам меорад.
Маҷлиси намояндагон ва ё вакилони он дар се самтҳои зерин фаъолият мекунанд:
– – вакилон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро соҳиб мебошанд, мувофиқан мунтазам бо ҷалби олимону коршиносон (ҳангоми зарурат) таҳлилу омӯзишҳо гузаронида, лоиҳаи қонунҳоро баҳри беҳбуди ҳаёти шаҳрвандон ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ таҳия, тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва қабул менамоянд. Ҳамзамон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба Маҷлис воридгардидаро баррасӣ ва қабул менамоянд; Қонунгузорӣ
– — вакил интихобкунандагони худро (шаҳрвандонро) дар Маҷлис намояндагӣ мекунад, дархосту муроҷиатҳои онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи ваколати худ иҷрои онҳоро (қонеъ гардонидани талаботҳоро) таъмин менамояд. Инчунин, ҳар сол 2—3 маротиба бевосита бо интихобкунандагон дар маҳалҳои зист мулоқотҳо доир намуда, бобати шароити зисту зиндагонӣ ва пешрафт дар ҳаёти сисёсию иҷтимоии кишвар гуфтушунид доир менамояд; Намояндагӣ
– – тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколатҳо вакил бо ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳо ба роҳ мемонад ва бо кишварҳои хориҷ дар доираи фаъолият – узвият дар гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ ҳамкорӣ менамояд. Робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарламентӣ
Ҳамин тариқ, масъалаҳои марбут ба қонунгузорӣ, ки асоси идораи ҳокмияти давлатӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ташкил медиҳанд тавассути Маҷлиси Олӣ ҳамчун ҳокимияти намояндагӣ баррасӣ ва амалӣ гардонида мешаванд.
Сохтори судӣ дар идораи давлатӣ
Яке аз се шохаи ҳокимияти давлатиро мақомоти суд ташкил медиҳад.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Дахолат ба фаъолияти судҳо манъ аст. Ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат аз ҷониби ҳокимияти судӣ ҳифз мегардад.
Сохтори судӣ аз Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди ВМКБ, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии ВМКБ, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе иборат мебошад.
Суди конститутсионӣ салоҳият дорад, ки 1) мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳоибақувваи қонун надаромадаро дар таносубнокӣ ба Конститутсия муайян намояд ва 2)баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳоро ҳал намояд.
Сохтори иҷроияи идораи давлатӣ
Шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатиро Перзидент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) ташкил медиҳад. Президент ҳамзамон Раиси Ҳукумат мебошад, ки устувории ин шохаро ташкил медиҳад. Мантиқан чунин ҳам бояд бошад, зеро амалисозии сиёсат ва натиҷагирии он асосан ба зиммаи ҳокимияти иҷроия вогузор мебошад, мувофиқан масъулияти ин шохаи ҳокимият дар назди ҷомеа ва халқ бештар аст.
Ҳокимияти иҷроияи давлатиро метавон аз рӯи шакли ташкилии ҳуқуқӣ, соҳа ва ҳудуди фаъолият, тобеият ва ғайра ҷудо намуд. Ҳамзамон, ҳокимияти иҷроия аз рӯи шаклҳои муайянгардида ба зинаи маъмурӣ, марказӣ, маҳаллӣ ва худидора ҷудо мегардад.
Зинаи маъмуриро бо назардошти идораи умури давлат ва сиёсати пешгирифта Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳад, чунки тамоми фармону супоришҳо ва амру қарорҳои идорӣ маҳз аз ҳамин институтҳо манша гирифта, дар дигар зинаҳо, аз ҷумла марказӣ ва маҳаллӣ табиқ карда мешаванд.
Зинаи марказӣ фаъолияти вазорату идораҳои гуногунро аз рӯи соҳаҳои муайян фаро мегирад. Сиёсати давлат аз рӯи соҳаҳо маҳз дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор коркард гардида, сипас барои татбиқ ба сохторҳои махсуси ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ / вилоятӣ ва маҳаллӣ равона мегардад.
Зинаи маҳаллии идораи давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимият – воҳидҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил дода, фаъолиятро вобаста ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ҳудуди муайяни худ пеш мебаранд.
Зинаи худидоракунии маҳаллиро Ҷамоат ташкил медиҳад, ки он дар ҳудуди муайян аз ҳисоби деҳаҳо, кӯчаҳо, қитъаҳо ва ғайра ташкил ёфта, татбиқкунандаи сисёсати давлат дар ҳудуди худ маҳсуб мегардад.
2.8 Президент
Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад
Тибқи Конститутсия (моддаи 64): «». Яъне, масъулияти Президент дар назди ҷомеа ва давлат хеле зиёд буда, тамоми бурду бохт ва пастию баландӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он ба ӯ вобаста карда мешавад. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арз, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Президент ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати сол аз ҷониби шаҳрвандони болиғ интихоб мегардад. Ҳар як шаҳрванде, ки синну соли ӯ ба 30расидааст, забони давлатиро медонад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад. 7
Мутобиқи Конститутсия Президент салоҳият дорад (моддаи 69):
– Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян кунад;
– Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ кунад;
– Вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам диҳад;
– Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъин ва озод кунад; Фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъин ва озод кунадваба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешиҳод намояд;
– Санадҳои мақомоти ҳокимияти иҷроияро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳобекоркунад ва ё боз дорад;
– Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намояд;
– Бо ризоияти Маҷлиси миллӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъин ва озод кунад;
– Дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис диҳад;
– Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ кунад;
– Судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва судҳои иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанберо таъин ва озод кунад;
– Раъйпурсӣ, интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва мақомоти намояндагии маҳаллиро таъин кунад;
– Ба қонунҳо имзо гузорад;
– Низоми пулиро муайян намояд ва маълумотро ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ бошад;
– Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ кунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд;
– Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод кунад;
– Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул намояд;
– Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошад; Фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод кунад;
– Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон намояд ва фармонро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад;
– Барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода барад;
– Дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар диҳад;
– Масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал кунад;
– Паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад;
– Масаълаҳои бахшиши ҷазоро ҳал кунад;
– Бо рутбаҳои олии ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус сарфароз гардонад;
– Шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз гардонад;
– Ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ намояд.
2.9 Ҳукумат
, ки ҳар кадом дар соҳаи алоҳида сиёсати муайянгардидаро татбиқ менамоянд. Сохтори идории Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, дар сохтори Ҳукумат ва назди Президент идораҳо ва агентиҳо фаъолият мекунанд
Ҳукумат қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ ва ҳарду аплатаро дар алоҳидагӣ ва фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро татбиқ менамояд. Яъне амалисозии санадҳо ва сиёсати муқарраргардида ба зиммаи Ҳукумат вогузор мебошад.
Фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо ва ташкили Буҷети давлатиро дар мувофиқа бо Маҷлиси Олӣ ва (роҳбарӣ бо) Президент ба амал мебарорад.
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ
Идораи давлатӣ дар маҳал чун дар сатҳи ҷумҳурӣ аз мақомоти иҷроия ва намояндагӣ иборат мебошад.
Масъулияти асосии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ аз иҷрои Конститутсия, қонунҳо, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, карорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти намояндагиро чӣ тавре дар боло ишора гардид, Маҷлиси вакилони халқи маҳал (вилоят, шаҳр, ноҳия, Ҷамоат) ташкил медиҳад. Вакилони Маҷлиси вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон-истиқоматкунандагони ҳудуди муайян интихоб карда мешаванд.
Салоҳдиди Маҷлиси вакилони халқ тибқи Конститутсия аз тасдиқи буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои он, муайян кардани роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳал, муқаррар намудани андоз ва пардохти маҳаллӣ мувофиқи қонунгузории дахлдор, дар доираи қонун муайян намудани тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналӣ ва амалӣ сохтани ваколатҳои дигар иборат мебошанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар вилоят -раиси вилоят, дар шаҳр-раиси шаҳр ва дар ноҳия-раиси ноҳия идора (роҳбарӣ) менамояд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллӣ аз ду сохтор: дастгоҳ ва ҷумҳуриявӣ иборат мебошад. Дастгоҳи мақомот дар як вақт дастгоҳи раиси вилоят / шаҳр / ноҳияро ташкил дода, ҳайати он аз ҷониби худи раис таъин мегардад. Сохтори ҷумҳуриявии мақомот бошад, ҳамчун намояндаи соҳаҳои муайян (вазорату идораҳо) дар маҳал сиёсати соҳавиро татбиқ месозад, мувофиқан ташкили ҳайати он дар салоҳияти вазорату идораҳо бо мувофиқаи иақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ мебошад.
Ин сохторҳоро ҳамчунин сохтори идоракунии тарзи амудӣ ва уфуқӣ низ меноманд, ки уфуқӣ – амалҳоро дар худи маҳал ва амудӣ аз ҷумҳурӣ ба маҳал ва ё аз боло ба поён ифода мекунанд.
Боиси зикр аст, ки дар шароити муосири ҷомеа сохтори идоракунии омехта низ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин сурат нисбат ба мақомоти болоӣ (вазорату идораҳо) усулҳои ҳамоҳангсозӣ на супоришӣ истифода мегарданд. Буҷет ва ё маблағгузории фаъолият бошад, асосан аз ҳисоби манбаҳо ва салоҳдиди маҳаллӣ ташкил меёбад. Дар ин тарзи идоракунӣ сохти уфуқии идоракунӣ бартарият пайдо мекунад.
Соҳаи кор бо занон ва оила танҳо ваколати пешбурди сиёсат ва ҳамоҳангии сохтори маҳаллиро дошта, ба ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳа дахл карда наметавонад. Яъне, ваколати боқимондаро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардонад.
Аммо сохтори ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар баробари пешбурди сиёсат ҳайати корӣ, буҷет ва фаъолияти хоҷагидории маҳаллии соҳаро ташкил карда, мувофиқан ваколат ва василаҳои зиёди идоракуниро соҳиб мебошад.
Ин ҳар ду сохтори идоракунӣ ба худ бартариятҳои хос доранд, аммо айни замон сифат ва маҳсулнокии кор/фаъолият дар сохти амудии идоракунӣ, яъне соҳаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бештар ба назар мерасад.
Мисол: . дар ҷумҳурӣ ҳар ду навъи идоракуниро дар фаъолияти соҳаҳои кор бо занон ва оила ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавон баррасӣ намуд – соҳаи кор бо занон ва оила тибқи сохтори уфуқӣ ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ мувофиқи сохтори амудии идоракунӣ амал менамоянд
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ
Дигар сохтори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошад, ки он Ҷамоат ном бурда мешавад.
Дар асл фаъолияти идоракуниро агар аз поён ба боло инъикос намоем, пас он маҳз аз ҳамин мақомот манша мегирад (ниг. ба расми поён).
Мувофиқи қонунгузорӣ мақоми худидоракунандаи маҳаллӣ аз ҷониби истиқоматкунандагон маҳаллаҳо дар шакли Ҷамоат (ба монанди Шӯро ё Маҷлис) интихоб мешавад. Ин тартиб бо роҳи пешбарӣ ва интихоби номзадҳои муносиб аз ҳар як маҳалла/кӯча дар алоҳидагӣ сурат мегирад. Раис ва Дастгоҳи Ҷамоат дар навбати худ, аз ҷониби вакилони Ҷамоат интихоб мегарданд. Тамоми шаклҳои ҳуқуқӣ, идорӣ, молиявӣ ва ташкилии фаъолияти Ҷамоат аз ҷониби вакилон муайян мегардад.
Яъне, сохтори Ҷамоат дар муқоиса ба сохтори идоракунии ноҳия, шаҳр ва ё вилоят нисбатан мустақил мебошад. Вале, айни замон ин низоми идоракунӣ каме нуқсон дошта, он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳукмфармоӣ мегардад.
Ҷадвали 2
2.10 Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ дар сохтори идоракунӣ
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқро бо назардошти хусусияти амалӣ доштани фаъолияташон ба шохаи иҷроияи ҳокимияти давлатӣ метавон мансуб намуд, гарчанде қисми муайяни онҳо дар пешбурди рисолати худ мустақил мебошанд.
Кормандон ва ё хизматчиёни мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошанд ва ба соҳибкорӣ машғул шаванд. Яъне, фаъолияти ин мақомоти асосан аз таъмини назорати иҷрои қонунгузорӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ дар байни ҷомеа, мудофиа, ҳифзи марзу бум ва умуман фароҳам овардани шароити бехатари зиндагӣ барои шаҳрвандон ва давлат иборат мебошад. Аз ин рӯ, корманди мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ наметавонад дар як вақт ҳам масъули назорат ва ҳам иҷрои амалҳо дар ҷомеа бошанд, зеро ин ду самти гуногуни фаъолият буда, якҷоя кардани онҳо бархурди манфиатҳоро ба вуҷуд меорад, мувофиқан таъсири он ба камсифатии фаъолият ва зифии низоми идоракунӣ ва дар ниҳоят оқибатҳои фалокатовар (шикастовар) метавонад боис гардад.
Мақомоти мудофиа ва ҳифзи ҳуқуқ ба сохторҳои зерини идоракунӣ ҷудо мешавад:
– — риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунад. Прокуратура дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин соҳаҳои ҳарбӣ ва нақлиёт намояндагӣ дорад ва вазифаҳои асосии он аз иборат мебошад; Прокуратура таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ
– – таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлат аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо. Милитсия ва ё соҳаи корҳои дохилӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори гуногуншакли худро дорад; Мақомоти дохилӣ (милитсия)
– – амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро аз таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ таъмин менамояд. Амнияти миллӣ дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намояндагӣ (шабакаи) ва сохтори худро дорад ва дар доираи вазифаҳои муқарраргардида амал менамояд; Амнияти миллӣ
– – масъули назорати давлатии молиявӣ оид ба истифодаи самарабахши маблағҳо ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи огоҳсозӣ, пешгирӣ, ошкорсозӣ, рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, фошнамоӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд мебошад. Мақомоти ваколатдори назорати давлатии молиявӣ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амал мекунад. Ҳамчунин дар ҳамин самт, аз ҷумла аудити мустақили беруна оид ба баҳодиҳӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ ва такмили он дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунад, аммо ин воҳид мақоми ҳифзи ҳуқуқ набуда, вазифаи он аз баҳодиҳии тарзи истифодабарии моликияти давлатӣ ва пешниҳоди хулосаҳои мувофиқ иборат мебошад; Назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия (фасод) Палатаи ҳисоб
– – системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст. Дар таъмини мудофиа воситаҳои муборизаи мусаллаҳонаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб (истифода) карда мешаванд. Дар мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои мусаллаҳи дигар давлатҳо дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иштирок карда метавонанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мудофиа Сафармондеҳи Олии

Начислим
+12
Покупайте книги и получайте бонусы в Литрес, Читай-городе и Буквоеде.
Участвовать в бонусной программе