Бесплатно

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Текст
iOSAndroidWindows Phone
Куда отправить ссылку на приложение?
Не закрывайте это окно, пока не введёте код в мобильном устройстве
ПовторитьСсылка отправлена
Отметить прочитанной
Шрифт:Меньше АаБольше Аа

Дарси КМРО

Партовҳо

Дар Тоҷикистон то ҳол далелҳои боэътимод нисбат ба ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ дар обҳо ва муомилот бо онҳо мавҷуд нест. Дар ду шаҳрҳои калонтарини кишар Душанбе ва Хуҷанд ҳар сол зиёда аз 300 ҳазор тонна партовҳои маишӣ ташаккул меёбад. Дар асоси баҳодиҳӣ ба 40% аҳолӣ дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешавад, ки асосан аҳолии шаҳрҳо мебошанд. Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 ҳалли масъалаи муносибат бо партовҳои хатарноки радиоактивӣ пешниҳод гардидааст. Ба солимгардонии партовҳои маҳфузгоҳҳои калонтарини воқеъ дар шаҳри Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд воқеъанд нуфузи бештар додашудааст. Бо ҷалбӣ маблағҳои кӯмаки беруна, аз ҷумла бо дастгирии молиявии Россия ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи коҳиш додани амалисозии партовҳои хатарноки радиоактивӣ, амалӣ мегардад. Партовҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пеститсидҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, дар шимол и кишвар (Конибодом) ва дар ҷануб (Вахш) ба ҳолати нисбатан бехатар гузаронида шуданд.

Бо ҷонибдории Фонди глобалии экологӣ, дигар фондҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳо нақшаи дар оянда коҳиш додани таъсири ин партовҳо ва нобудсозии моддаҳои устуворӣ органикӣ тартиб дода шуда истодааст.

Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари заҳрхимикатҳо ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголми Созмони Милали Муттаҳид оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» таъмин намуда, дар ин самт корҳои заруриро анҷом ва лоиҳаҳои марбутаро амалӣ гардонида истодааст.

Бо дастгирӣ ва иштироки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди Швейсарии «Салиби сабз», Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии рушд, ҷиҳати таъмини амнияти экологии аҳолӣ чораҳои судманд амалӣ гардида истодааст. Дар ҷамоати Панҷ (ҷануби кишвар, виояти Хатлон), якҷоя бо ташкилоти Швейтсарии зиддиминнаҳо дар Тоҷикисион ва «Салиби сабз» барои 4 оилаҳое, ки анбори қаблии заҳрхимикатҳоро ба манзили истиқомати табдил дода, дар он зиндагӣ менамуданд, 4 хонаи истиқоматӣ сохта ба онҳо ройгон тақдим гардид. Ҳамзамон дар ҳамин ноҳия атрофии анбори қаблии заҳрхимикатҳо дар масоҳати 1 гектар бо симтур маҳкам карда шуд.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд атрофии партовгоҳи заҳрхимикатҳои шаҳри Конибодом, ки дар он пеститсидҳои кӯҳна гӯронида шудаанд, дар масоҳати 1 гектар маҳкам гардид. Чунин корҳои безараргардонӣ дар ҷануби кишвар, дар дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон анҷом дода шуда, масоҳати 6 гектар бо маҳкам карда шуд.

Дар деҳаи Яккатут (ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон) барои тоза намудани атрофии маҳал, Аксияи Тозагии замин гузаронида шуд ва дар натиҷа 120 тонна пеститсидҳои кӯҳнашудаи бо замину хок олудагардида, тибқи стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ барои нигоҳдории муввақатӣ ба партовгоҳи ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд. Барои беҳсозии шароити партовгоҳи мазкур он бо хати обёрӣ, системаи мушоҳидавӣ таъмин, батареяи офтобӣ насб ва бо шинонидани дарахтони гуногун, майдони кабудизор ташкил карда шуданд.

Афзоиши аҳолӣ ва истеъмол, рушди саноат, вусъатёбии сохтмони ва нақлиёт боиси ташаккули намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Таи 10 солаҳои охир, дар самти ташакулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ ҳисоботҳои оморӣ бурда намешавад. Аз ин лиҳоз, маълумоти боэътимод дар ин самт мавҷуд нест. Аз рӯи баҳои мутахассисон, ҳар сол дар Тоҷикистон 1-2 миллион тонна партовҳои истеҳсолӣ ва исмтеъмолӣ ташаккул меёбанд. Дар корхонаҳои Саноатӣ ҳанӯз аз давраҳои иттиҳоди шӯравӣ 200 миллион партовҳи истеҳсолӣ ҷамъ гардидаанд. Масоҳати майдони заминҳое, ки зери анборкунонии ҳамаи намуди партовҳо қарор доранд 1100 гектарро ташкил медиҳад, ки асоси онро партовҳои саноати коркарди куҳӣ ташкид мекунад (то 300 гектар замин зери партовҳои сахти маишӣ қарор доранд). Асоси ташакулёбии партовҳои саноатиро корхонаҳои металургӣ (сурма, алюминий, тилло, нуқра, сурб), комбинатҳои кимиёвӣ, нассоҷӣ ва озуқаворӣ ташкил медиҳанд. Муассисаҳо аз 5% то 50% партовҳои худро коркард менамоянд. Фаъолияти истеҳсолӣ ва партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ асосан дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд мавҷуданд. Дар ин ҷо (то соли 1990) аз ҳама зиёд то 1 миллион тонна маъдан дар як сол истеҳсол карда шудааст. Дар тулии ним аср, дар 10 маҳфузгоҳҳо зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ гардидааст. Аз ҳама бештар ин партовҳо дар Дегмой бо ҷоришавии самти (Чкаловск) ва дар шафати шаҳри Истиқлол (Табошар) ғарам гардидаанд. Гард ва буғи ин объектҳои таҷҳизоти ҳимоявӣ надоштаи партовҳои хатарнок, метавонад ба масофаҳои дур интиқол ёбанд ва боиси таъсири номатлуб ба саломатии одамон ва ифлосшавии замин гарданд.

10. Мониторинг ва ҳифзи муҳити атроф

10.1. Маълумоти экологӣ ва мониторинг

Вазъияти экологӣ дар ҷаҳон таҳлили ҳаматарафа ва мунтазами ҳолати муҳити атрофро талаб менамояд. Танҳо дар асоси маълумотҳои миқдорӣ қарорҳоро оид ба гузаронидани ҷораҳои зарурӣ, ки пастшавии ҳолати муҳити атрофро пешгирӣ менамояд, қабул кардан мумкин аст. Барои ин мақсад системаи мониторинги ҳолати муҳити атроф ташкил карда мешавад. Ҳангоми гузаронидани мониторинг усулҳои физикавӣ-химиявӣ, биологӣ, географӣ ва дигар истифода мешаванд, инчунин усулҳои кайҳонии мониторинг васеъ паҳн шуда истодааст.

Аз рӯи таснифоте, ки аз тарафи академик И.П. Герасимов пешниҳод гардидааст, мониторингро ба дараҷаҳои зерин тақсим мекунанд: биоэкологӣ, геоэкологӣ ва биосферавӣ.

Дараҷаи якум – мониторинги биоэкологӣ (биологӣ, санитарӣ-гигиенӣ, санитарӣ-токсикологӣ) мушоҳидаҳои зеринро дар бар мегирад:

– ҳолати муҳити атроф;

– дараҷаи ифлосшавии объектҳои обӣ бо моддаҳои ифлоскунанда;

– таъсири ин ифлоскунандаҳо ба инсон ва биота дар умум (ҷамъи флора, фауна ва микроорганизмҳо);

– мавҷудияти аллергенҳо, организмҳои патогенӣ, чанг дар муҳити атроф;

– мушоҳидаи миқдори оксиди сулфур ва нитроген, металлҳои вазнин дар атмосфера;

– мушоҳидаи сифати объектҳои обӣ, дараҷаи ифлосшавии онҳо ва ғ.

Объектҳои мониторинг инҳоянд: қабатҳои поёнии атмосфера, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, хок, ҷоришҳои саноатӣ ва маишӣ ва партовҳои газҳо, афканишоти радиоактивӣ ва партовҳо.

Дараҷаи дуюм – ин мониторинги геоэкологӣ мебошад. Он мушоҳидаро оид ба тағирот дар экосистемаҳо (биогеосенозҳо), компонентҳои табиӣ, дар мушоҳида оид ба маҳсулнокии онҳо, динамикаи захираҳои канданиҳои фоиданок, захираҳои обӣ, замин ва набототро дар бар мегирад. Объектҳои мониторинги геоэкологӣ: намудҳои камшуда истодаи наботот, ҳайвонот, микроорганизмҳо, геосистемаҳои табиӣ,агросистемаҳо ва. ғ.

Дараҷаи сеюм – мониторинги глобалии биосферавӣ. Мақсади ин мониторинг ин назорати ҳолати муҳити атроф дар миқёси голобалӣ мебошад, мушоҳидаи тағироти глобалӣ-фоновӣ дар табиат, пешгӯи кардани эҳтимоли тағиротҳо дар биосфера дар натиҷаи фаъолияти хоҷагиии инсон. Объектҳои ин намуди мониторинг: мувозинати радиатсионӣ, шаффофнокии атмосфера ва тағироти антропогении он, мувозинати ҷаҳонии обӣ ва ифлосшавии Уқёнуси ҷаҳонӣ, тағиротҳои калон дар сиклҳои биогеохимияии элементҳо ва моддаҳо (CO2, O2, N, S, P, H2O ва ғ.).

Дар шароти кунунӣ системаи мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносӣ, лабораторияҳои Кумита ва Хадамоти назорати давлатии санитарӣ – эпидеомологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инунин Агентии омор, Агентии хоҷагии ҷангал ва Геологияи тоҷик миқдори маҳдуди нишандиҳандаҳое, ки дар Нишондоди Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ доир ба истифодаи нишондиҳандаҳои экологӣ барои давлатҳоии Осиёи Марказӣ, Европои шарқӣ ва Кавказ нишон дода шудааст муайян менамояд. Бинобар сабаби мавҷуд набудани далелҳои боэътимод ва маҳдудияти системаи мониторинг, маълумотҳо кофӣ нестанд. Ба сифати мисол оид ба об, талафёбии об, таркиби фосфор ва нитратҳо, истифодаи маъданҳо маълумотҳо мавҷуд нестанд.

Субъектҳои фаъолияти хоҷагидор, барои ҷорӣ намудани ҳисоботҳои оморӣ ба Агентии омор ҳисоботҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

дар бора ҳавои атмосферӣ,

ҳолатҳои фавқуллодаи храктери табиӣ ва техногеннӣ дашта, тадбирҳои бартараф намудани он,

партовҳои сахти маишӣ,

ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.

Дар соли 2010 Агентии омор қабули ҷамъоварии маълумотҳоро дар соҳаи хоҷагии об манъ намуд. Солҳои тӯлонист, кӣ ҳисоботи ташаккулӣ партовҳои истеҳсолӣ бурда намешавад. Масоили вобаста ба дақиқии маълумотҳо оид ба партовҳо ба ҳавои атмосферӣ ва ташаккулёбӣ партовҳои истеъмолӣ барои мутахассисони соҳаи экологӣ масоилҳои душворро эҷод менамояд. Ҳоло ҳам дар мубодилаи маълумотҳо душвариҳо ҷой доранд (маъмумотҳо дар асоси дархости хаттӣ, дар шакли хаттӣ (ғайриэлектронӣ) пешниҳод карда мешаванд). Сатҳӣ пасти мунтазамӣ, сифати ҷудокунӣ ва гирифтани намуна, инҷунин автоматикунонӣ ба суръат ва имконоти табодули маълумотҳо таъсир мерасонад. Принсипҳои заминавии маълумотҳои экологии муштарак, қисман ҷорӣ карда шудааст ва маълумотҳои фардӣ бошад, бештар ба назар мерасанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумотҳоро дар 18 шакл аз сохторҳои зертобеи худ ҷамъоварӣ менамояд. Маркази маълумотҳои экологӣ маводҳои иттилоотии- блютенҳои экологие, ки маълумотҳои мониторинги экологиро дар бар доранд, омода менамояд. Кумита ҳафтаномаи «Инсон ва Табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи Табиат»-ро интишор менамояд. Ҳамзамон Кумита, дар самти паҳн намудани маълумотҳои экологӣ тавассути васоити ахбори омма ва веб-сайт худ (www.tajnature.tj) корҳои зиёдро анҷом медиҳад.

Дар Тоҷикистон мониторинги ҳолати ҳавои атмосферӣ дар 4-5 шаҳрҳои калон (Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода ва Гулистон) амалӣ карда мешавад. Системаи автоматикии мониторинги муҳити зист фақат дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Мониторинги обҳои рӯизаминӣ аз тарафи Агентии обуҳавошиносӣ дар 30 нуқта амалӣ мегардад. Маълумотҳои мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ ва об, дар веб-сайти Агентӣ (www.meteo.tj) ҷойгир кунонида мешванд.

 

Агентии омор дар веб-сайти худ (www.stat.tj) шакли электронии маҷмуаи маъълумотҳои омориро ҷойгир менамояд. Дар соли 2017 Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ, системаи ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумотҳои экологиро дар сатҳӣ вилоятӣ ва кишвар таҳия намуд (http://biodiv.tj/). Системаи зикргардида, давра ба давра ба маълумотҳо пурра гардида истодааст.

Ҳисоботи масоҳати ҷангал, барқароркунии ҷангал, бунёди ҷангал, афзоиши ҳайвоноти ва паррандагон, дар ҳудуди фонди ҷангал ва ҳудудҳои табиӣ махсус муҳофизатшаванда, аз тарафи Агентии ҷангал амалӣ мегардад (http://forest.tj).

Ташхиси обҳои зеризаминӣ аз тарафи Хадамоти геологӣ амалӣ мегардад. Лабораторияҳои

муассисаҳои ба обтаъминкунӣ мониторинги сифати обҳои нӯшокиро амалӣ менамояд. Лабораторияҳои Хадамоти санитарию – эпидеомологӣ шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб

ва ВМКБ ташхиси обҳои нӯшокӣ ва обҳои барои оббозиро мегузаронанд. Маълумотҳои экологии вобаста ба ҳолатҳое, ки барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар эҷод менамоянд, мақомоти марказии иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ барои андешидани тадбирҳо истифода менамоянд. Ин маълумотҳо асосан аз маълумотҳои вазъи обу ҳаво, рух додани ҳолатҳои экстремалӣ, инчунин маълумотҳо дар бораи шароити санитарию эпидеомологӣ ва ҳолатҳои садамавӣ иборат мебошанд. Дар асоси ин маълумотҳо мақомоти марказии иҷроияи ҳокимиятӣ давлатӣ барои пешгирӣ ёки коҳиш до-

дани хатар ва зарар тадбирҳо меандешанд.

Қонуни ҶТ Дар бораи мониторинги экологӣ (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 174; Конуни ҶТ аз 26.07.2014 с., № 1120)

Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини мониторинги экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва муносибатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар ин соҳа ба танзим медарорад. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

– таъсири антропогенӣ – маҷмӯи таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақими фаъолияти инсон ба муҳити зист;

– ифлосшавии муҳити зист – дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар намуди фаъолияти инсон ба миқдори (консентратсияи) аз андозаи миёнаи бисёрсолаи табиӣ зиёд (дар ҳудуди тағйирёбии интиҳоӣ) ба муҳити зист овардан ё дар он пайдо шудани унсурҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологие, ки одатан ба он хос нестанд;

– таъмини амнияти экологӣ – маҷмӯи тадбирҳо оид ба пешгирии пайдоиш ва густариши ҳолатҳои хатарноки экологӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо;

– муҳити зист – маҷмӯи ҷузъҳои табиат (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, олами наботот ва ҳайвонот) ва ландшафт, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ, ки ба сифати ҳаёт, шароити фаъолият ва вазъи саломатии инсон ва (ё) амали мутақобилаи ин ҷузъҳо таъсир мерасонанд;

– ҳифзи муҳити зист – маҷмӯи тадбирҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва минтақавӣ, маъмурию хоҷагидорӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии муҳити зист равона карда шудаанд;

– истифодабарандагони табиат – шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолиятро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар пешбурди он захираҳои табииро истифода мебаранд ва (ё) бо амалисозии он ба муҳити зист таъсир мерасонанд; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

– системаи мониторинги экологӣ – сохтори сермақсад ва сертаркибаи иттилоотӣ, ки бо роҳи якҷоякунии зерсистемаҳои алоҳида, маҷмааҳои ченкунию иттилоотӣ ва ҳисобкунию иттилоотии аз ҷиҳати мақсад ва талаботи умумӣ барои ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъбаст ва ҳамгироии маълумоти бадастовардаи ба ҳам алоқаманд ташкил карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

– ҳолати фавқулоддаи экологӣ – ҳолати хатарноки экологӣ, ки ба мақсади ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, инчунин муҳити зист фавран андешидани тадбирҳои таъҷилиро барои рафъи он талаб менамояд;

– амнияти экологӣ – ҳолати муҳофизавии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон, ҷамъият, муҳити зист аз хатарҳои дар натиҷаи таъсирҳои антропогенӣ ва табиӣ пайдошаванда;

– ҳолати хатарноки экологӣ – ҳолате, ки дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ, аз ҷумла бар асари офату фалокатҳои табиӣ муҳити зист хароб гардидааст ё эҳтимоли хароб шудан дорад ва ё тағйир ёфта, ба вазъияти бад афтодааст ва вобаста ба ин ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва ҷамъият хатар таҳдид мекунад;

– мониторинги экологӣ – маҷмӯи тадбирҳо оид ба гузаронидани мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯии ҳолати ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист, маҷмааҳои ҳудудҳои табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсир ба онҳо ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо дар асоси ченкунии нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии ифлосшавии онҳо.

Мақсад ва  вазифаҳои мониторинги  экологӣ

  1. Мониторинги экологӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:

– мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, аз он ҷумла ҳолати муҳити зист дар минтақаҳои воқеъи манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист;

– арзёбӣ ва пешгӯии тағйири ҳолати муҳити зист зери таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ;

– таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти эътимоднок дар бораи ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии он, ки барои рафъ ва (ё) кам намудани оқибати ногувори чунин тағйирёбиҳо зарур аст.

Вазифаҳои мониторинги экологӣ инҳоянд:

– ба роҳ мондани мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ;

– созмон додани махзани иттилоотии маълумот дар бораи объектҳои мушоҳидашаванда;

– арзёбии нишондиҳандаҳои ҳолат ва мукаммалии функсионалии маҷмааҳои табиӣ, муҳити зист ва вазъи саломатии инсон;

– пешгӯии тағйирёбии ҳолати объектҳои мушоҳидашаванда;

– таҳияи барномаҳо, пешниҳодот ва тадбирҳо дар бораи рафъи оқибати ногувори таъсир ба муҳити зист;

– иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати муҳити зист.

Объектҳо ва субъектҳои мониторинги экологӣ

  1. Объектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

– манбаъҳои таъсири антропогенӣ ба муҳити зист;

– объектҳо ва минтақаҳои махсуси муҳити зист (ҳавои атмосфера, об, хок, қаъри замин, объектҳои хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳои табиӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда);

– гурӯҳҳои аҳолӣ, ки таъсири манфии омилҳои муҳити зистро ҳис менамоянд.

2. Субъектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборатанд:

– мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

– мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

– мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1120)

– истифодабарандагони табиат.

3. Мониторинги экологӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва маҳдуд (локалӣ, объектӣ) дар ҳаҷме, ки гирифтани иттилооти пурра ва эътимоднок дар бораи муҳити зист ва ҳолати экологӣ, инчунин динамикаи тағйирёбии онҳо зарур аст, ба роҳ монда мешавад.

Принсипҳои асосии ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ инҳоянд:

– мунтазамии мушоҳидаҳо дар ҳаҷми зарурӣ ва кофӣ;

– фаврӣ гузаронидани мушоҳидаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;

– ягонагӣ ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳида ва назорати ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интишори иттилооти дастрасшуда;

– эътимоднокии иттилоот дар бораи ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ ва дастрасии он барои муштариён;

– коллегиалӣ будан дар пешгӯии натиҷаҳои мониторинги экологӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи қарорҳои идоракунӣ;

www.meteo.tj Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Агентство по гидрометеорологии Комитет охраны окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан)




– Дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи муқоисаи консентратсияи омехта (мг/м3) бо ҲМҒ ҳисоб карда мешавад.


– ҲМҒ – ҳадди муайяни ғилзат.


– ҲМҒм.ш – ин чунин консентратсияи моддаҳои ифлоскунандаест, ки ҳангоми ба организми одам ҳар рӯз дучор омаданаш ягон тағйироти ҷиддӣ дар он ва ё бемориҳоро ба вуҷуд намеорад Консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда дар ҳавои атмосфераи минтақаҳои аҳолинишин набояд аз ҳад зиёд бошад.


– ИБ (ифлосшавии баланд) – консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 10 маротиба ва зиёда аз он аст.


-ИНБ (ифлосшавии ниҳоят баланд) – консентратсияи як ё якчанд моддаҳо аз ҲМҒ 50 ва аз он зиёдтар аст.


– Степень загрязнения атмосферного воздуха оценивается при сравнении концентрации примесей (мг/м3) с ПДК.

– ПДК – предельно- допустимая концентрация.

– ПДКср.с. – это такая концентрация загрязняющего вещества, которая при ежедневном в течение длительного времени воздействии на организм человека не вызывает каких-либо патологических изменений в нем или заболеваний.Концентрации загрязняющих веществ в атмосферном воздухе населенных мест не должны превышать ПДК.

– ВЗ (Высокое загрязнение) – концентрация одного или нескольких веществ превышает ПДК в 10 раз и более раз.

-ЭВЗ (Экстремальное высокое загрязнение) – концентрация одного или нескольких веществ превышает ПДК в 50 и более.



Дарси амалӣ. Мониторинги гидросфера

Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд,

«Соли байналмилалии оби тоза, 2003»,

Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015»,

«Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013»,

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-

2028» мебошад.

Иқдомҳои мазкур диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои

амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолияти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷагии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.

Намуди асосии обистифодабарӣ дар Тоҷикистон обёрии замин ба ҳисоб меравад, ки

ҳаҷми истифодаи об дар он 75-85%-ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса, истифодабарии об аз ҷониби хоҷагиҳои оилавӣ 4-5%, саноат-2-3%-ро ташкил медиҳад. Талафи об дар соҳаи обёрӣ ва шабакаҳои обрасонӣ ба 20-40% мерасад, шабакаҳои канализатсионӣ ва обпартовтозакунӣ таъмиру васеъкуниро талаб мекунанд.

Обҳое, ки баъд аз обёрӣ бароварда мешаванд, минерализатсияи баланд доранд ва ба сифати обҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Ба захираҳои об инчунин тағйирёбии иқлим таъсир мерасонад. Дар куҳҳо пиряхҳо об мешаванд, ки он ба зиёд шудани ҳаҷми оби дарёҳо, фаромадани селҳо ва обхезӣ оварда мерасонад, дар ояндаи дарозмуҳлат бошад, дар натиҷаи кам гаштани майдони пиряхҳо ҳаҷми захираҳои об кам гашта, таҳдиди хушксолӣ меафзояд. Вазъи истифодабарии захираҳои об ва захираҳои замин бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Барномаи такмили хоҷагии об барои солҳои 2016-2025 ба он равона шудааст, ки гузариши тарзи таърихан ташаккулёфтаи маъмурӣ – ҳудудии захираҳои об ба идоракунии ҳавзавии дарёҳо дар Тоҷикистон таъмин гардад.


Дар шароити иқлими хушку гарм об воситаи асосии зиндагӣ ба ҳисоб рафта, дар қатори замин аз ҳама захираи муҳими табиӣ барои иқтисодиёт ва аҳолии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад. Истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обу замин сабаби буҳрони экологии баҳри Арал гаштааст. Проблемаи асосии обии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон, фақат норасогии об нест, инчунин ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯй набудани самаранокии обрасонӣ ва истифодабарӣ мебошад.

Резиши умумии солонаи дарёҳои дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккулёфта 64 километри мукаабро ташкил медиҳад, резиши солонаи ҳамаи дарёҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон мегузаранд, ба 80 километри мукааб мерасад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нисфи ҳаҷми дарёҳои ҳавзаи Баҳри Арал ташаккул меёбад. Дарёҳои асосӣ

Панҷ,

Вахш,

Кофарниҳон,

Зарафшон ва

Сирдарё

ба ҳисоб меравад


Арзёбии сифати оби дарёҳо ва кулҳо бо роҳи гирифтан ва ташхиси намунаҳо, мониторинги обҳои рӯизаминӣ аз ҷониби хадамоти гидрометеорологӣ амалӣ мегардад. Сифати об дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ хуб аст, махсусан дар минтақаҳои куҳии ташаккулёбии дарёҳо. Дарёҳои Панҷ, Кофарниҳон, Вахш ва Зарафшон бо сифати хуби об фарқ мешаванд, вале ифлосшавии на он қадар зиёдро партови обрезҳо аз нуқтаҳои аҳолинишин , объектҳои хоҷагидорӣ ва обҳои дренажӣ аз майдонҳои кишт ба вуҷуд меорад. Сифати об дар Сирдарё, ки ба он аз болооб (дар водии Фарғона) обҳои дренажӣ ва обрезҳо аз мамлакатҳои дигар ворид мешаванд, аз хуб то миёна вобаста ба давра тағйир меёбад. Дар гузашта паст гаштани сифати об дар Сирдарё, сохтмони дарғотҳо, каналҳо, насосҳои обкаш ва шикори бетанзими моҳӣ ба нестшавии намуди нодири моҳӣ оварда расонд.

 

Чораҳои андешидашаванда

Барои танзими истифодабарии захираҳои обӣ дар Тоҷикистон қонунҳо қабул шудаанд, гузариш ба тарзи ҳавзавии идораи захираҳои обӣ амалӣ шуда истодааст. Масъалаҳои хоҷагии об (ҳам миқдор ва ҳам сифат) ба идоракунии мақомоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Вазорати тандурустӣ дохил мешаванд. Барои кам кардани ифлоскунии об системаи иҷозатдиҳии истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда ба ҳавзҳо амал мекунад. Чи аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва чи бо кумаки ташкилотҳои байналмилалӣ иншоотҳои обтозакунӣ барқарор мегарданд, хати водопровод дар шаҳрҳо ва деҳот гузаронида мешавад. Кодекси азнавтаҳиягаштаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи ислоҳоти сектори об барои давраи то соли 2015 гузариш ба идоракунии захираҳои обӣ дар миқёси воҳиди гидрографӣ (ҳавзавӣ ва субҳавзавии дарёҳо) бо назардошти рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои маҳаллӣ ба назар гирифтаанд. Дар ҳавзаи Сирдарё, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон – ҳавзаи дарёи Қаратоғ (Сурхандарё), дар ҳавзаи дарёи Панҷ – ҳавзаи дарёи Қизилсу, ҳавзаи дарёи Вахш бошад ҳамаи шохобҳои он чунин тарзи идоракунӣ бояд ҷорӣ шавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои об мақомоти асосии ҷавобгӯйи сиёсат ва танзими соҳаи захираҳои об ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ мебошад. Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии системаҳои ирригатсионӣ ва дренажӣ ҷавобгар аст. Ассотсиатсияҳои обистифодабарандагон (АИО) обро дар байни аъзоёни худ тақсим мекунад ва маблағи хизматрасонии обтаъминкуниро ҷамъоварӣ менамоянд. Дар соли 2016 – 400 АИО ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти онҳо қариб 400 ҳазор гектар заминҳои обиро дар бар мегирифт.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист назоратро оид ба риояи меъёрҳо ва қонунҳо вобаста ба об амалӣ мекунад иҷозат барои истифодабарии об ва партови обҳои истифодашуда медиҳад.

Агентии обуҳавошиносии Кумита мониторинги сифат ва миқдори обҳои рӯизаминиро мегузаронад.

Саридораи геология (Тоҷикгеология) хулосаҳоро барои об дар манбаҳои обҳои зеризаминӣ медиҳад ва мониторинги обҳои зеризаминиро мегузаронад. Хадамоти назорати санитарӣ – эпидемиологии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мониторинги оби нушокӣ ва обҳои шиновариро мебарад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ барои паст фаровардани хавфи офатҳои фавқулодда, аз ҷумла обхезӣ ҷавобгар аст.

КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» барои идоракунии шабакаҳои оби ошомиданӣ ва канализатсионӣ дар шаҳрҳо ва деҳот ҷавобгар аст, вале шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсионии шаҳрҳои калон ба монанди Душанбе, Хуҷанд, Норак, Роғун, Файзобод дар тобеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Купите 3 книги одновременно и выберите четвёртую в подарок!

Чтобы воспользоваться акцией, добавьте нужные книги в корзину. Сделать это можно на странице каждой книги, либо в общем списке:

  1. Нажмите на многоточие
    рядом с книгой
  2. Выберите пункт
    «Добавить в корзину»