Бесплатно

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Текст
iOSAndroidWindows Phone
Куда отправить ссылку на приложение?
Не закрывайте это окно, пока не введёте код в мобильном устройстве
ПовторитьСсылка отправлена
Отметить прочитанной
Шрифт:Меньше АаБольше Аа

Дарси амалӣ

Усулҳои тозакунии обҳои шоранда

интихоби тарз ва усули тозакунӣ

Барои интихоби тарз ва усулҳои тозакунӣ, бояд маълумот оиди таркиби обҳои шоранда доштан лозим аст. Ин маълумотро истифода бурда, дар наздикшавии аввала, ҳам сатҳи тозакунӣ ва ҳам таркиб ва миқдори партовҳое, ки дар раванди гузаронидани тозакунии он ҳосил мешаванд, муайян кардан мумкин аст. Номгўи нишондиҳандаҳое, ки аз рўи он тадқиқоти таркиби обҳои шоранда гузаронида мешавад, бо назардошти ҷой ва шароити ҳосилшавии обҳои шоранда ва талаботҳое, ки ба обҳои шоранда гузошта мешавад, муайян карда мешавад.



Расми 15.1. Тарҳи гузаронидани тадқиқоти таркиби

моддавии обҳои шоранда

Маълумоти умумиро оиди таркиби моддаҳои ифлоскунанда дар обҳои шоранда, ҳангоми гузаронидани тадқиқот мегиранд, ки нақшаи онҳо дар расми 9.1 оварда шудааст. Миқдори моддаҳои ифлоскунандаро одатан бо мг/дм3 муайян мекунанд


Тарзҳои хос ва усулҳои тозакунии обҳои шорандаи саноатӣ ва маишӣ

Маълумотҳоро дар бораи таркиби обҳои шорандаи ҳосилшаванда ва талаботҳое, ки ба онҳо бояд обҳои тозашуда ҷавобгў бошад дониста, усул ва тарҳи технологии тозакунӣ, дастгоҳҳои асосӣ ва ёрирасонро интихоб мекунанд.

Ҳамаи усулҳои тозакунии обҳои шорандаро вобаста аз қонуниятҳое, ки дар асоси онҳо ҷойгир шудаанд, одатан ба механикӣ, химиявӣ, физикӣ-химиявӣ, биологӣ ҷудо мекунанд (расми 9.2).

Мансуб додан ба ин, ё он гурўҳи усулҳо мутлақ намебошад, чунки самаранокии тозакунӣ дар сатҳи назаррас бо ҳаракати раванди маҷмўъавӣ ва зуҳурот муайян карда мешавад. Усулҳои тозакунии обҳои шоранда, мумкин аст вобаста аз ҳолати агрегатӣ ва моддии моддаҳои ифлоскунандаи обҳои шоранда гурўҳбандӣ карда шаванд (расми. 9.3), ки барои дур кардани онҳо истифода бурда мешавад.




Расми 15.2. Таснифи усулҳои тозакунии обҳои шоранда


Барои расидан ба дараҷаи тозакунии талабкардашуда, сермаҳсул кардани раванди тозакунӣ ва таъмини риояи меъёрҳое, ки барои обҳои шорандаи ба обҷамъкунак равонакунанда гузошта шудааст, якҷоякунии усулҳои механикӣ (физикӣ) ва биологиро бо усулҳои химиявӣ ва физикӣ-химиявӣ, имконият медиҳад.



Расми 15.3. Усулҳои тозакунии обҳои шоранда аз моддаҳои ифлоскунанда


Тозакунии механикӣ

Дар асоси усулҳои тоза намудани механикӣ, қонунҳои ҷудокунии системахои дисперсии об вокеъ мебошад. Онҳо барои дур кардани зарраҳои дағалдисперсӣ ва моддаҳои муаллақ истифода бурда мешаванд. Самаранокии тозакунӣ аз андоза ва суръати такшиншавии зарраҳои дисперсӣ (бар рўи об баромадан) вобаста аст. Дастгоҳи асосие, ки барои дур кардани моддаҳои муаллақ истифода бурда мешавад-таҳшинкунакҳои навъ ва сохтҳои гуногун, обполоҳо, элакҳо мебошанд.

Нисбатан дастрасӣ, харҷи кам барои тозакуниро ба назар гирифта, ин усулҳо аз ҳама паҳнгаштатарин ҳисобида мешаванд. Онҳо дар ин, ё он намуд дар бисёр тарҳҳои технологии тозакунӣ оварда шудааанд. Тозакунии механикӣ равонкунии моддаҳои муаллақро аз обҳои шорандаи маишӣ ба 60-65%, аз баъзе обҳои шорандаи саноатӣ бошад ба 90-95%, пастшавии ИБО, ИХО-ба 15-20%-ро таъмин мекунад.

Ба усулҳои механикӣ, дуркунӣ аз обҳои шоранда ҳамроҳиҳои бегона ва ғашҳои дағалдисперсӣ, равған ва маҳсулотҳои нафтӣ, чарбуҳоро дохил кардан мумкин аст. Барои ин навъҳои гуногуни панҷараҳо бо сўрохиҳои аз 3 то 16 мм истифода бурда мешаванд, ки бо усули равонкунии ҳамроҳиҳои дошташуда ва шакли меҳвар (пластина), ки сурохиҳои панҷараро ташкил медиҳад, фарқ менамоянд.

Миқдори ғашҳои дошташуда аз бузургии сўрохиҳо вобаста аст ва метавонад 2…5 дм3 ифлоскунанда барои 1 сокин дар як сол, аз панҷараи сўрохиаш 40 мм ҷудокардашуда 5…10 дм3 ифлоскунандаҳо барои 1 сокин дар як сол, аз панҷараи сурохиаш 20 мм ҷудокардашуда 10…25 дм3 ифлоскунандаҳо барои 1 сокин дар як сол, аз панҷараи сурохиаш 6 мм ҷудокардашударо ташкил диҳад

Элакҳо (варақаи перфоратсияшуда, тўрҳои пўлодӣ ё синтетикӣ) барои дур кардани зарраҳои андозаашон 0,15 мм ва боло аз обҳои шорандаи коммуналӣ ва саноатӣ истифода бурда мешаванд. Дар вақти тоза кардани баъзе обҳои шорандаи саноатӣ бо воситаи элакҳо, қисми зиёди моддаҳои дар обҳои шоранда буда боздошта мешаванд, ки минбаъд истифода бурда мешаванд.

Одатан дар регқапакҳо зарраҳои андозаашон зиёда аз 0,2 мм дошта мешаванд. Агар дар системаи тозакунӣ элак пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ қумдоракҳо пеш аз онҳо гузошта мешаванд. Регқапакҳо ҳангоми тозакунии обҳои шорандаи коммуналӣ ва аҳён-саноатӣ истифода бурда мешаванд. Ҳангоми тозакунии обҳои шоранда регқапакҳоро барои дур кардани зарраҳои хуб седиментатсияшуда (корхонаҳои мошинсозӣ, металлургия) истифода бурдан мумкин аст.

Гидросиклонҳои содда аз рўи самаранокӣ ба регқапакҳо наздик мебошанд ва барои дур кардани зарраҳои андозаашон зиёда аз 30 мкм истифода бурда мешаванд.

Дур кардани равғанҳо пеш аз партофтани обҳои шоранда ба канализатсия ба амал бароварда мешавад. Ҳангоми тозакунии обҳои шорандаи коммуналӣ равғанҳо дар раванди таҳшинкунӣ дур карда мешаванд.

Полоишро, одатан барои доштани зарраҳои андозаашон камтар аз 10 мкм истифода мебаранд. Дар обполоҳо барои ин мақсад масолеҳи полоишкунанда дар намуди матоъ (тўрҳо), қабати масолеҳи доначадор, масолеҳи масомадорро истифода мебаранд. Ҳангоми гузаштани обҳои шоранда тавассути масолеҳи полоишкунанда моддаҳои муаллақ дар сатҳ ё дар фазои масома дошта мешавад.

Микрополоиш ва ултраполоиш барои дур кардани зарраҳои андозаашон дар сатҳи 0,1 мкм ҷой дошта истифода мебаранд. Ултраполоиш-барои дур кардани зарраҳои аз андозаашон 0,01 мкм истифода бурда мешавад.

Дар раванди кори ҳамаи навъҳои обполоҳо обҳои шўянда ҳосил мешавад, ки коркарди иловагиро талаб мекунад.

Тозакунии механикиро ҳамчун усули мустақил, он гоҳ истифода мебаранд, ки оби софшуда баъди ин усули тозакунӣ дар равандҳои технологии истеҳсолот истифода бурда шавад, ё ба обанбор бе вайрон кардани ҳолати экологии онҳо партофта шавад истифода мебаранд. Дар ҳамаи дигар ҳолатҳо, тозакунии механикӣ (бо назардошти полоиш) ҳамчун зинаи аввалаи тозакунии обҳои шоранда хизмат мекунанд.

Дарси кмро

Тозакунии химиявӣ ва физикӣ-химиявӣ

Усулҳои физикӣ-химиявии тозакунии обҳои шоранда барои дур кардани ҳам моддаҳои сахт ва моддаҳои муаллақи моеъ, ки онҳо бо усулҳои оддии механикӣ дур карда намешаванд ва ҳам моддаҳои ҳалшудаи табиати гуногун дошта, истифода бурда мешаванд. Онҳо ҳангоми тоза кардани обҳои шорандаи саноатӣ пеш аз равона кардан ба объекти обӣ, ба иншоотҳои тозакунии марказонидашуда ё барои такроран истифодабарии онҳо асосӣ мебошанд. Байни онҳо усулҳои ҷудокунӣ, ки истифодабарии онҳо консентриронии ифлоскунандаҳоро, ва усули мубаддалкунӣ, ки дар табдил додани моддаҳои ифлоскунанда ба пайвастагиҳои бехатар асос карда шудааст, таъмин мекунад.

Усулҳои химиявӣ ба реаксияҳои қисматҳои обҳои шоранда бо реагентҳо асос карда шудаанд ва барои танзими рН-и обҳои шоранда, дуркунӣ аз обҳои шоранда бо таҳшинкунии катионҳо ва анионҳоро дар намуди намакҳои ҳалнашуда ва гидроксидҳо, истифода бурда мешаванд. Ҳангоми ба сифати реагентҳо истифодабарии пайвастагиҳои перекис ё хлори фаъол (масалан, озон ва гипохлорит), софкунии обҳои шоранда аз ҳисоби оксидшавии ғашҳои органикӣ ба даст омаданаш мумкин аст. Дар раванди тозакунии химиявӣ миқдори бисёри таҳшин ҳосил шуданаш мумкин аст. Агар ҳосилшавии таҳшинӣ ба амал наояд, он гоҳ миқдори намаки обҳои шоранда меафзояд.

Ҳар яке аз усулҳои дидашаванда, барои тозакунии обҳои шоранда аз моддаҳои ифлоскунандаи муайян истифода бурда мешавад. Адсорбсия барои дур кардани моддаҳои рангкунанда, МФСС, фенолҳо, карбогидридҳои ҳосилаи нитроген ва хлор истифода бурда мешавад. Бо дегазатсия ё шамол додан, аз обҳои шоранда H2S, NH3, SO2, СО2, баъзе карбогидридҳоро дур кардан мумкин аст.

Истифодабарии дурдабандҳо ва флокулянтҳо вобаста аз таркиби обҳои шоранда равонкунии то 99%-и моддаҳои муаллақ, то 70 % ИБО5, то 40% ИКО, то 95 % ва зиёди нитроген ва фосфорро таъмин мекунад. Дар вақти охир дурдабандҳо ва флокулянтҳо барои равонкунии патогенҳо, бактерияҳо, вирусҳо ва оддитаринро фаъолона истифода мебаранд.

Вояи дурдабанд аз таркиби обҳои шоранда вобаста аст. Барои обҳои шорандаи маишӣ он одатан то 50 мг/дм3 ташкил медиҳад, барои обҳои шорандаи саноатӣ, мумкин аст дар ҳудудҳои васеъ тағир ёбад. Барои интихоб кардани шароити коркард бо дурдабандҳо ва флокулянтҳо JarTest-ро истифода мебаранд. Дастгоҳи мувофиқи лабораторӣ аз шаш қуттӣ иборат аст, ки ба онҳо якбора вояи гуногуни дурдабандро воябандӣ мекунанд. Омехтакунии босуръат бо омехтакунии сусти оянда дар муддати вақти додашуда ва таҳшинкунӣ ба амал бароварда мешавад. JarTest наздикшавии хубро ба шароити реалии таҳшинкунии хуб медиҳад. Самаранокии коркард бо роҳи чен кардани миқдори моддаҳои муаллақ, ИКО, қобилияти аз худгузаронӣ, тирагӣ, ИБО, N ва Р баҳогузорӣ карда мешавад. Дигар параметрҳоро, ба монади ҷобаҷокунии зарраҳо аз рўи андоза, дзета-потенсиал истифода бурдан мумкин аст.

Металлҳои вазнин дар обҳои шорандаи истеҳсолоти галваникӣ, обҳои шахтавӣ, дар маҳсулоти саноати ишқоронии гидрометаллургӣ, дар обҳои шорандаи раванди тозакунии тари газҳо, ки ҳангоми сўхтани ангишт ва сўзонидани партовҳои сахти маишӣ ва ғайра, мавҷуд буданаш мумкин аст.

Барои дур кардани металлҳои вазнин ба монанди Cd (II), Cr (III), Cr (VI), Cu (II), Ni (II) ва Zn (II) аз обҳои шоранда, таҳшинкунии химиявӣ, тасвибкунӣ, мубодилаи ионӣ ва осмоси баръаксро истифода мебаранд. Ба самаранокии раванд рН, вояи реагентҳо, дараҷаи ғилзати металли аввала ва маҳсулнокии дастгоҳ таъсир мерасонад. Мубодилаи ионӣ самаранокии тозакуниро аз Cd (II), Cr (III), Cu (II), Ni (II) и Zn (II) бо дараҷаи ғилзати аввалаи тақрибан 100 мг/дм3, осмоси баръакс-бо дараҷаи ғилзати ибтидоии тақрибан 200  мг/дм3таъмин мекунад.

 

Металлҳои вазнин инчунин, мумкин аст бо ёрии дурдабандҳо дур карда шаванд. Самаранокии дуркунӣ аз навъи металл ва дараҷаи ғилзати ибтидоии ғашҳо вобаста аст.

Аз ҳама усули паҳнгаштатарини тозакунӣ аз ионҳои металлҳои вазнин, ин безараргардонии оддии обҳои шоранда ва такшинкунии металлҳо дар шакли гидрооксидҳои мувофиқ мебошад. Азбаски, рН-е, ки ба такшиншавии максималии ионҳои металлҳои гуногун ҷавобгў аст, мувофиқат намекунанд, бояд барои ҳар яки онҳо фосилаи рН-ро ёфтан лозим аст, ки дар он дараҷаи лозимии тозакунӣ расида мешавад. Баъзан, тағирёбии дузинагии бузургии рН ва ҷудо кардани моддаҳои муаллақ талаб карда мешавад.

Он вақт натиҷаҳои хуб гирифтан мумкин аст, ки миқдори ақаллан як ион, минимум 5 маротиба аз дараҷаи ғилзати боқимонда зиёд бошад. Он гоҳ ў дар рН-и оптималӣ такшин шуда якҷоятакшиншавии дигар ионҳои металлҳоро таъмин мекунад. Агар ҳалшавандагии гидроксид дар дараҷаи лозима гузаронидани металлҳои мавҷударо ба ҳолати ҳалнашавандагӣ имконият надиҳад, дигар усулҳои равонкунии онро дидан мумкин аст, масалан дар намуди карбонатҳо ё гидроксикарбонатҳо (масалан Рb2+) фосфатҳо (масалан, фосфатҳо Са ё Zn) сулфидҳо (барои металлҳои дувалента), ки ҳангоми ворид кардани Na2S ҳосил мешавад. Ҳақиқатан, сулфидҳои ҳосилшаванда зарраҳои коллоидии хеле майдаро ҳосил мекунанд, ки барои такшин кардани он дурдабандро истифода бурдан лозим меояд.

Бояд қайд кард, ки ҳангоми мавҷудияти комплексҳосилкунандаҳои табии (масалан, кислотаҳои гуминӣ), ё синтетикӣ (масалан, туршҳои этилендиаминтетрасирко) реагентҳои мавҷудбудаи-такшинкунӣ нокифоя мебошад. Коркарди пешакӣ бо оксидкунандаи сахт зарур аст, масалан ба монанди озон, ки мақсади асосии он вайрон кардани комплексҳосилкунанда, ва аз ин сабаб дар озод кардани металлҳо мебошад.

Обҳои шорандае, ки рН-и онҳо аз ҳудуди муайяншуда берунанд (одатан 6,5-9,0), бояд безарар карда шаванд. Ҳудуде, ки бояд дар он қиммати рН барои обҳои шорандаи ба канализатсия партофта мешуда ҷойгир бошад, вобаста аз таъмини нормалии кори шабакаҳои обравонкунӣ ва иншоотҳои тозакунӣ гузошта мешавад. Танзими рН барои зиёд кардани суръати реаксияи химиявӣ, вайрон кардани эмулсия ва ғайра ба амалӣ карда мешавад. Барои баланд бардоштани рН, маҳлули NaOH ё оҳаки шукуфта Са(ОН)2 – ро истифода мебаранд барои ноил шудан ба қимати пасттари рН-тезоби сулфат, хлорид, дуоксиди карбонро.

Сулфатҳо ҳангоми миқдори барзиёд будани онҳо дар обҳои шоранда, дар намуди кристаллҳои CaSО4 таҳшин мешаванд. Барои дур кардани ионҳои фтор аз обҳои шорандаи корхонаи истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ, истеҳсоли шиша ва ғайра, онҳоро (обҳои шоранда) бо оҳак, бо ҳосилшавии фториди калсийи сустҳалшаванда безарар мекунад. Барои ба дараҷаи баланди тозакунӣ аз ионҳои фтор расидан, ба сифати такшинкунандаҳо CaCl2-ро истифода мебаранд.

Пайвастагиҳои фосфор дар обҳои шорандаи корхонаҳои мошинсозӣ, корхонаҳои истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ, дар обҳои шорандаи маишӣ, дар обпартоҳои дастгоҳҳои энергетикаи гармӣ мавҷуд ҳастанд. Аз обҳои шорандаи турш пайвастагиҳои фосфор бо оҳак, аз обҳои шорандаи нейтралӣ ва ишқорӣ-бо дурдабандҳои оҳан-ва алюминийдор таҳшин мешаванд.

Барои дур кардани пеститсидҳо, моддаҳои рангкунанда, моддаҳои фаъоли сатҳӣ, карбогидридҳо, аз он ҷумла полисиклҳои ароматӣ аз обҳои шоранда оксидкунӣ бо озон, озон бо пероксиди гидроген истифода бурда мешавад. Тозакунӣ аз сианид ва сулфидҳо инчунин дар оксидшавии онҳо то нитроген ва сулфат-анионҳо бо ёрии оксидкунандаҳои қавӣ-озон, оксиген ва ғайра асос карда шудааст.

Истифодабарии оксидкунандаҳои қавӣ баро безараргардонии обҳои шорандаи тозашуда дар Боби 3 оварда шудааст.

Барои тоза кардани обҳои шоранда аз CrО42- ба онҳо барқароркунанда (масалан, гидросулфити натрий) воя карда мешавад, хроми бақароршаванда то Cr+3, ки дар намуди гидроксид такшин мешавад.

Тозакунии электрохимиявии обҳои шоранда, дар равандҳое, ки дар электродҳо ва дар фазои байниэлектродӣ ҳангоми тавассути обҳои шоранда гузаштани қувваи барқи доимӣ, асос карда шудааст. Равандҳои асосӣ дар электродҳо ҳангоми электролизи маҳлулҳои обӣ инҳо мебошанд: дар катод-ҷудо шудани гидроген, разряди ионҳо бо ҷудошавии электрохимиявии (таҳшиншавӣ)металлҳо ё барқарор кардани моддаҳо, бе ҷудо шудани фазаи мустақил, дар анод-ҷудошавии оксиген, галогенҳо, оксидшавии моддаҳо бе ҷудошавии фазаи мустақил ё ҳалшавии электролитии металлҳои электрод .



Расми 15.4 Таснифи усулҳои электрохимиявии тозакунии обҳои шоранда

Усулҳои электрохимиявии тозакунии обҳои шорандаи саноатӣ ба усулҳои мубаддалшавӣ, ҷудокунӣ ва усули омехта ҷудо карда мешаванд (расми 10.1). Усулҳои мубаддалшавӣ, тағирёбии тавсифии физикӣ-химиявӣ ва фазагӣ-дисперсии ифлоскунандаҳои обҳои шорандаро таъмин мекунад, ки он ба безараргардонӣ ё ҷудо кардани онҳо аз обҳои ифлос оварда мерасонад.


Усулҳои ҷудокунӣ барои ғилзаткунонии ғашҳо бе тағирёбии ночизи хосиятҳои фазагӣ-дисперсӣ ё хосиятҳои физики-химиявии моддаҳои аз обҳои шоранда ҷудо мекарда, истифода бурда мешаванд. Ҷудошавии ғашҳо ва обҳо асосан аз ҳисоби тасфияи кафкҳои электрогенератсияи газҳо ё таъсири қуввагии майдони электрикӣ, ки нақли зарраҳои заряднокро дар об таъмин мекунад, рўй медиҳад. Ба усулҳои омехтаи электрохимиявии тозакунии обҳои шоранда усулҳое дохил мешаванд, ки якҷоякунии як, ё якчанд усулҳои мубаддалшавӣ ва ҷудокунии ифлоскунандаҳои обҳои шорандаро дар як дастгоҳ амалӣ мегардонад.

Барои тоза кардани обҳои шоранда аз ғашҳои ҳалкунанда ва дисперсӣ бисёртар электродурдабандӣ, электротасфия ва омехтаи онҳо, оксидкунии электрохимиявӣ, электродиализро истифода мебаранд. Усулҳои электрохимиявӣ, дуркунӣ ё безараргардонии моддаҳои ифлоскунандаро бе истифодабарии реагентҳои химиявӣ имконият медиҳанд. Инҳо ба энергияталаб дохил мешаванд ва барои тоза кардани ҳаҷми на он қадар калони обҳои шоранда истифода бурда мешаванд.

Параметрҳои технологии раванд – зичии ҷараён (А/м2), сарфи нисбии электроэнергия (кВт∙ч/м3), шиддатнокӣ (В), баромади маҳсулоти реаксияи электродӣ аз рўи ҷараёни барқ ва ғайра ба ҳисоб меравад. Як қатор усулҳои электрохимиявии тозакунӣ дар Боби 3 дида шудаанд.

Оксидкунии электрохимиявӣ барои тоза кардани обҳои шоранда аз ғашҳои ҳалшуда (сианидҳо, аминҳо, спиртҳо, алдегидҳо, пайвастагиҳои нитрогенӣ, сулфидҳо, меркаптанҳо) истифода бурда мешавад. Дар раванди оксидкунии электрохимиявии моддае, ки дар оби шоранда мавҷуд мебошад, то СО2 , об, дигар пайвастагиҳои содда ва бехатар оксид мешаванд. Ба сифати анод масолеҳи дар шароитҳои электролиз ҳалнашванда истифода бурда мешавад (графит, дуоксиди сурб, рутений, ба сатҳи титан расонида шудааст ва ғайраҳо).

Ҳангоми истифода бурдани анод аз оҳан, алюминий ва дигар металлҳо, ҳалшавии электрохимиявӣ бо гузариш ба маҳул ионҳои ин металлҳо ба вуҷуд меояд, ки баъдан гидроксидҳои ҳалнашаванда ҳосил мекунад. Гидроксидҳои навҳосилшуда фаъолнокии баланди адсорбсионӣ ба зарраҳои коллоидӣ ва муаллақ доро мебошанд. Ин раванд умуми карда электродурдабандӣ номида мешавад ва ҳангоми тоза кардани об аз ғашҳои ҳалнашаванда, эмулгатсияшуда ва баъзан пайвастагиҳои ҳалшаванда, ки ба поғаҳои дурдабандҳои электрогенератсияшаванда сорбсия шуданро доранд, истифода мебаранд. Электродурдабандӣ барои тоза кардани обҳои шоранда аз равған, маҳсулотҳои нафтӣ, ионҳои металлҳои вазнин, фенолҳо, моддаҳои сатҳии фаъол, моддаҳои рангкунанда ва ғайра истифода бурда мешавад.

Гузаронидани электродурдабандиро дар муҳити нейтралӣ ё пастишқорӣ бо ҷараёни барқии зичиаш на зиёда аз 10 А/м2, масофа байни электродҳо аз 20 мм ва суръати ҳаракати муҳит на кам аз 0,5 м/с тавсия медиҳанд. Ба сифати анодҳо оҳанпораи пўлодин ва дигар партовҳои коркарди металлҳоро истифода бурдан мумкин аст. Самаранокии тозакунии электродурдабандӣ аз рўи моддаҳои сатҳашон-фаъол-60….70%-ро, аз рўи равған-75… 95% , аз рўи маҳсулотҳои нафтӣ-то 95%, аз рўи хром-90…98%, аз рўи моддаҳои муаллақ-90…95%-ро ташкил доданаш мумкин. Сарфи энергия аз 0,2 то 2,5 кВт∙соат/м3-ро ташкил медиҳад.

Раванди тозакунии обҳои шоранда бо электродиализ дар ҷудокунии моддаҳои ионизатсиякунанда дар зери таъсири қувваҳои электрҳаракатдиҳанда, ки дар маҳлул аз ҳар ду тарафи мембрана ба вуҷуд меорад, асос карда шудааст. Ў аз кўчиши ионҳо тавассути мембрана дар зери таъсири гуногунии потенсиали гузошташуда (электрокўчиш) асоснок карда шудааст. Электродиализро барои ширинкунии оби баҳр, дарё ва кўл, тозакунии обҳои шорандаи саноатӣ бо роҳи ҷудо карда гирифтани ионҳо истифода мебаранд. Барои бенамакгардонии об, мембранаҳои гомогенӣ ва гетерогенӣ истифода мебаранд. Мембаранаҳо бояд муқобилияти ками электрикӣ дошта бошанд.

Электродиализро бисёр вақт бо ду мембранаи мубодилаи ионӣ (катионитӣ дар катод ва анионитӣ дар анод) мегузаронанд. Дар ин ҳолат аз қисми миёна, ки ба он ҷо маҳлули электролит ворид карда мешавад, ҳамчун катионҳо ва инчунин анионҳо низ дур карда мешаванд. Ин тарзро барои тозакунии гидрохокистарҳо аз ғашҳои электролит истифода мебаранд. Ҳангоми истифодабарии диафрагмаҳои электрохимиявии фаъол (мубодилаи ионӣ) самаранокии раванд меафзояд ва сарфи электроэнергия кам мешавад.

Истифодабарии бисёр усулҳои химиявӣ ва физики-химиявии тозакунии обҳои шоранда бо ҳосилшавии таҳшиниҳо ҳамроҳӣ карда мешавад, ки истифодабарӣ ё безараргардонии онҳо, муаммои муайянро доштанаш мумкин аст.

16. Муомилот бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмол

16.1. Муомилот бо партовҳо

Партовҳои истеҳсолот ва истеъмол (партовҳо) ин боқимондаи ашё, маводҳо, полуфабрикатҳо, дигар боқимондаҳо ки дар раванди истеҳолот ва ё истеъмол ҳосил шудаанд, ва ҳамчунин маҳсулоте, ки хосияти истеъмолиро гум кардааст, меноманд.

Партовҳои хатарнок гуфта, партовҳоеро меноманд, ки моддаҳои зарарнокро доранд, ва хосияти хатарнок (заҳрнокӣ, таркишӣ, фаъолнокии баланди радиоактивӣ) ё ин ки барангезандаҳои касалиҳои сироятиро доранд, ва ҳамчунин барои муҳити атроф ва инсон хатари потенсиалӣ доранд.

Дар кишвари мо дар ин самт ҚҶТ Дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ қабул карда шудааст.

Қонуни мазкур муносибатҳоеро, ки дар рафти ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан, безараргардонӣ ва гуронидан, инчунин дар идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити атроф, саломатии инсон ҳангоми муомилот бо партовҳо ва истифода бурдани онҳо барои эҳтиёҷоти хоҷагию истеҳсолӣ ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.

Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифодамешаванд:

– партовҳо – моддаҳои гуногун, масолеҳ ва ҷисмҳое, ки дар рафти ҳаёт ва фаъолияти инсон ба вуҷуд омада, дар ҷои пайдо ё зоҳиршудаашон қобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онҳоро нобуд карданианд ё худ ҳатман бо роҳи истифодабарӣ ё барҳамдиҳӣ аз онҳо халос шуданиянд;

– партовҳои истеъмолӣ- маҳсулот, масолеҳ, моддаҳое, ки дар натиҷаи истеъмолкунӣ хусусиятҳои истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;

– ашёи хоми дуюмдараҷа- партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора ҷамъ (муҳайё) ва тайёр карда шудаанд;

– партовҳои рӯзғор – партовҳои истеъмолие, ки дар маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи фаъолияти ҳаётии аҳолӣ пайдо шудаанд;

– партовҳои хатарнок – партовҳое, ки дар таркиби худ моддаҳои дороӣ хусусиятҳои хатаровар (ба монанди заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сухторӣ, қобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар миқдору шаклҳое мавҷуданд, ки ҳар кадоми он чӣ мустақилона ва чӣ дар тамос бо моддаҳои дигар барои саломатии инсон ва муҳити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;

– нигоҳдории партовҳо – нигоҳ доштани партовҳо дар захирагоҳҳои махсус таҷҳизонидашуда то лаҳзаи аз он ҷо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардани онҳо;

– гуронидани партовҳо – ҷудогузории партовҳо, ки дар муҳити атроф паҳн гаштани моддаҳои ифлоскунандаро пешгирӣ намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовҳо роҳ намедиҳад;

– истифодаи партовҳо- истифодаи партовҳо барои истеҳсоли маҳсулот ва иҷрои корҳо (хизматрасонӣ) ё ҳосил намудани неру (энергия);

– безараргардонии партовҳо – коркард (аз ҷумла сӯзондан)-и партовҳо дар дастгоҳҳои махсус, ки таъсири хатарнокии онҳоро ба муҳити атроф ва инсон кам мекунад;

– технологияи кампартов – ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, ки дар рафти он ҳангоми истеҳсоли як воҳиди маҳсулот назар ба истифодаи усулҳои мавҷудаи анъанавии истеҳсолии ҳамин маҳсулот миқдори ками партов ҳосил мешавад;

– меьёрҳои муомилот бо партовҳо- маҳдудияти миқдори ва сифатӣ вобаста ба ҳосилшавӣ, ҷамъкунӣ, нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, кашондан ва гуронидани партовҳо бо назардошти таъсири онҳо ба муҳити атроф;

 

– меъёри ҷойгиркунонии партовҳо – миқдори интиҳоии партовҳо, ки ҷойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтақа дар муҳлати муқарраршуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷозат дода шудааст;

– мавзеи ҷойгиркунонии партовҳо – машқгоҳҳо, партовгоҳои иҷозатшуда, анборҳои махсус, хоктудаҳои ҷинсҳои кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои таҷҳизонидашудаи махсус барои нигоҳдорӣ ва гуронидани партовҳо;

– шиносномаи партовҳои хатарнок – ҳуҷҷате, ки аз хусусияти сифатӣ ва миқдории партовҳо бо нишондоди шаклу дараҷаи хатарнокии онҳо шаҳодат медиҳад;

– мониторинги мавзеи гуркунӣ – назорати дарозмӯҳлат ба ҳолати мавзеи гуркунии партовҳо, ифлосшавии муҳити атроф дар ҳудуди чунин мавзеъҳо ва муҳити зист дар натаҷаӣ ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгуии ифлосшавии муҳити зист аз ҳолатҳои воқеии чунин мавзеъҳо.

– коркарди партовҳо- фаъолияте, ки ба истифодаи партовҳо ба сифати захираҳои дуюмдараҷа вобастагй дорад;


16.2. Муомилот бо партовҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон то ҳол далелҳои боэътимод нисбат ба ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ дар обҳо ва муомилот бо онҳо мавҷуд нест. Дар ду шаҳрҳои калонтарини кишар Душанбе ва Хуҷанд ҳар сол зиёда аз 300 ҳазор тонна партовҳои маишӣ ташаккул меёбад. Дар асоси баҳодиҳӣ ба 40% аҳолӣ дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешавад, ки асосан аҳолии шаҳрҳо мебошанд.

Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 ҳалли масъалаи муносибат бо партовҳои хатарноки радиоактивӣ пешниҳод гардидааст. Ба солимгардонии партовҳои маҳфузгоҳҳои калонтарини воқеъ дар шаҳри Истиқлол (Табошар) ва Деҳмой, ки дар наздикии шаҳри Хуҷанд воқеъанд нуфузи бештар додашудааст. Бо ҷалбӣ маблағҳои кӯмаки беруна, аз ҷумла бо дастгирии молиявии Россия ва Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи коҳиш додани амалисозии партовҳои хатарноки радиоактивӣ, амалӣ мегардад.

Партовҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пеститсидҳои мӯҳлати истифодаашон гузашта, дар шимол и кишвар (Конибодом) ва дар ҷануб (Вахш) ба ҳолати нисбатан бехатар гузаронида шуданд. Бо ҷонибдории Фонди глобалии экологӣ, дигар фондҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳо нақшаи дар оянда коҳиш додани таъсири ин партовҳо ва нобудсозии моддаҳои устуворӣ органикӣ тартиб дода шуда истодааст. Муассисаи давлатии Маркази миллии иҷрои конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани хатари заҳрхимикатҳо ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи миллии иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Конвенсияи Стокголми Созмони Милали Муттаҳид оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ» таъмин намуда, дар ин самт корҳои заруриро анҷом ва лоиҳаҳои марбутаро амалӣ гардонида истодааст.

Бо дастгирӣ ва иштироки шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Фонди Швейсарии «Салиби сабз», Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии рушд, ҷиҳати таъмини амнияти экологии аҳолӣ чораҳои судманд амалӣ гардида истодааст.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд атрофии партовгоҳи заҳрхимикатҳои шаҳри Конибодом, ки дар он пеститсидҳои кӯҳна гӯронида шудаанд, дар масоҳати 1 гектар маҳкам гардид. Чунин корҳои безараргардонӣ дар ҷануби кишвар, дар дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахши вилояти Хатлон анҷом дода шуда, масоҳати 6 гектар бо маҳкам карда шуд.

Дар деҳаи Яккатут (ноҳияи Ҷомӣ, вилояти Хатлон) барои тоза намудани атрофии маҳал, Аксияи Тозагии замин гузаронида шуд ва дар натиҷа 120 тонна пеститсидҳои кӯҳнашудаи бо замину хок олудагардида, тибқи стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ барои нигоҳдории муввақатӣ ба партовгоҳи ноҳияи Вахш интиқол дода шуданд. Барои беҳсозии шароити партовгоҳи мазкур он бо хати обёрӣ, системаи мушоҳидавӣ таъмин, батареяи офтобӣ насб ва бо шинонидани дарахтони гуногун, майдони кабудизор ташкил карда шуданд.

Афзоиши аҳолӣ ва истеъмол, рушди саноат, вусъатёбии сохтмони ва нақлиёт боиси ташаккули намудҳои гуногуни партовҳо гардидааст. Таи 10 солаҳои охир, дар самти ташакулёбии партовҳои саноатӣ ва истеъмолӣ ҳисоботҳои оморӣ бурда намешавад. Аз ин лиҳоз, маълумоти боэътимод дар ин самт мавҷуд нест. Аз рӯи баҳои мутахассисон, ҳар сол дар Тоҷикистон 1-2 миллион тонна партовҳои истеҳсолӣ ва исмтеъмолӣ ташаккул меёбанд. Дар корхонаҳои Саноатӣ ҳанӯз аз давраҳои иттиҳоди шӯравӣ 200 миллион партовҳи истеҳсолӣ ҷамъ гардидаанд. Масоҳати майдони заминҳое, ки зери анборкунонии ҳамаи намуди партовҳо қарор доранд 1100 гектарро ташкил медиҳад, ки асоси онро партовҳои саноати коркарди куҳӣ ташкид мекунад (то 300 гектар замин зери партовҳои сахти маишӣ қарор доранд).

Асоси ташакулёбии партовҳои саноатиро корхонаҳои металургӣ (сурма, алюминий, тилло, нуқра, сурб), комбинатҳои кимиёвӣ, нассоҷӣ ва озуқаворӣ ташкил медиҳанд. Муассисаҳо аз 5% то 50% партовҳои худро коркард менамоянд. Фаъолияти истеҳсолӣ ва партовҳои саноатӣ, аз ҷумла партовҳои радиоактивӣ асосан дар шимоли Тоҷикистон, вилояти Суғд мавҷуданд. Дар ин ҷо (то соли 1990) аз ҳама зиёд то 1 миллион тонна маъдан дар як сол истеҳсол карда шудааст. Дар тули ним аср, дар 10 маҳфузгоҳҳо зиёда аз 55 миллион тонна партовҳои радиоактивӣ ҷамъ гардидааст. Аз ҳама бештар ин партовҳо дар Дегмой бо ҷоришавии самти (Чкаловск) ва дар шафати шаҳри Истиқлол (Табошар) ғарам гардидаанд. Гард ва буғи ин объектҳои таҷҳизоти ҳимоявӣ надоштаи партовҳои хатарнок, метавонад ба масофаҳои дур интиқол ёбанд ва боиси таъсири номатлуб ба саломатии одамон ва ифлосшавии замин гарданд. Маҳфузгоҳҳо ва ғарамҳои партовҳои таҷҳизониданашуда, хатари рахнашавӣ ва селро ба вуҷуд меоранд. Инчунин ду даҳяки ғарамҳои маъдан бо радиактивҳои баланд таъсир пайдо гардидаанд. Баъди пошхӯрии иттиҳоди шуравӣ дар соли 1991 коркарди уран қатъ гардид ва аз ҳамин давра нигоҳдории маҳфузгоҳҳо масъалаи ҷиддиро ба миён овардааст. Дар ҳолати кунунӣ дар шимоли кишвар беҳдошти ҳолати объектҳои муҳимтар ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт идома дорад.

Дар даҳсолаи гузашта, дар деҳот тавассути истифодабарии кимиёдоруҳо безараргардонии замин аз малах, ҳашаротҳои пахта, дефолятсияи пахта ва дигарҳо бошиддат ҷараён гирифт. Партовҳои радиоактивӣ ва саноатии аз давраи Шуравӣ боқимонда, Табошар, Тоҷикистони Шимолӣ Дар давраи шуравӣ истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар то ба 20-40 килограмм расид. Дар ҳолати имрӯза истифодабарии пеститсидҳо ба як гектар аз 10 то 100 маротиба кам гардидааст. Пеститсидҳо метавонанд дар хок ва обанборҳо солҳо ҷамъ ва худро нигоҳ доранд, ки боиси расонидани таъсири манфӣ ба саломатӣ ва системаҳои экологӣ гарданд.

Партовгоҳҳои пеститсидҳо ва химикатҳои куҳнашуда, партовҳои хатарноктарин буда, масъалаи муракабро ба миён меоранд. Миқдори онҳо 10-15 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад (кодоме, ки қисми зиёди онҳоро Дуст (Дихлор -диффелин –Трихлорэтан ташкил мекунад) ва миқдори заминҳои ифлосгардида, аз ин зиёдтар мебошад. Ин намуди партовҳои хатарнок асосан дар ду партовгоҳӣ калонтарин- дар шафати деҳаҳои ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом воқеъ мебошанд. Қаблан аҳолии маҳаллӣ реҷаи нигоҳдории пеститсидҳоро вайрон карда, онро мефурухтанд. Ҳолати партовгоҳҳои пеститситҳои аз истифода соқидгардида, дар давраи солҳои 2011 то2016 дар доираи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалии Фонди глобарии экологӣ, Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар ташкилотҳо беҳтар карда шуда, ба устувории бехатарии онҳо мусоидат намуд.

Ҳар сол дар шаҳри Душанбе 250-270 ҳазор тонна ва дар шаҳри Хуҷанд 50-60 ҳазор тонна партовҳо ташаккул ёфта, ба партовгоҳҳо кашонида мешаванд ва ҳаҷми партовҳо сол то сол зиёд мегарданд. Тибқи далелҳои пурсиш, ба 80% аҳолии шаҳрҳо ва 15% аҳолии деҳот, дар самти ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо хизмат расонида мешаванд, ки ба ҳисоби миёна қариб 40% аҳолии Тоҷикисионро дар бар мегирад.

Тадбирҳои андешидашаванда. Барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба партовҳо дар кишвар Қонун «Дар бораи партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолӣ» қабул гардида, лоиҳаи Стратегияи миллии идоракунии партовҳо таҳия гардид ва ҳоло мавриди баррасии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Барои амалигардонии стратегияи мазкур системаи оморӣ ва малағ зарур мешавад.

Купите 3 книги одновременно и выберите четвёртую в подарок!

Чтобы воспользоваться акцией, добавьте нужные книги в корзину. Сделать это можно на странице каждой книги, либо в общем списке:

  1. Нажмите на многоточие
    рядом с книгой
  2. Выберите пункт
    «Добавить в корзину»