Бесплатно

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Текст
iOSAndroidWindows Phone
Куда отправить ссылку на приложение?
Не закрывайте это окно, пока не введёте код в мобильном устройстве
ПовторитьСсылка отправлена
Отметить прочитанной
Шрифт:Меньше АаБольше Аа

Муомилот бо партовҳои радиоактивиро Қонун «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» танзим менамояд. Қонуни мазкур уҳдадориҳои асосии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин қоидаҳои литсензиякунонии фаъолиятро вобаста ин намуди партовҳо муайян менамояд. Дар Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 масъалаи таваҷҷуҳӣ аввалиндараҷа додан ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои шаҳрҳои Истиклол и Деҳмой муайян гардидааст.

Соли 2016 Тоҷикистон ба Конвенсияи Базел оид ба назорати аз сарҳадгузаронии партовҳои хатарнок ва нобудсозии онҳо шомил гардид. Конвенсияи мазкур, масъалаи ҳифзи интиқоли партовҳои хатарноки ба қайд гирифта нашударо баланд бардошта, ҷиҳати дастрасӣ ба маълумотҳо дар самти муомилот бо партовҳои хатарнок ва мавҷудияти иқтидор барои нобудсозии онҳо имконият медиҳад.

Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид лоиҳаҳоро дар самти беҳтар намудани ҷамъоварӣ, коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маиширо дар шаҳрҳои калон аз ҷумла Душанбе ва Хуҷанд амалӣ намуда истодааст. Корхонаҳои ҳозиразамон ташкил гардида, барои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо, инфрасохтори зарури таъмин дастрас карда шуданд ва аллакай дар ин самт беҳбудӣ ба назар мерасад. Маркази коркарди партовҳо – шишапора, қоғаз ва маҳсулоти нассоҷӣ шаҳри Хуҷанд буда, дар шаҳри Душанбе партовҳои пластикӣ қисман коркард карда мешаванд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист якҷоя ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» беҳтар намудани ҷамъоварӣ ва нобусозии партовҳои истеъмолӣ ва истеҳсолиро бо роҳҳои зерин дар назар доранд:

амалигардонии Стратегия миллӣ дар бораи муомилот бо партовҳо (баъди қабули Ҳукумат);

рушди системаи объектҳои ҳозиразамон барои ба навъҳо ҷудокунӣ,коркард ва нобудсозии партовҳо;

андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ дар самти беҳсозии коркард ва кам намудани партовҳои шаҳрҳо ва корхонаҳо.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист, бо ташкилотҳои байналмилалие, ки барои ҳисоботу ҷамъоварии пеститсидҳои аз истифода соқидгардида, таъмини бехатарии нигоҳдории онҳо дар партовгоҳҳои марказонидашуда ва ҷустуҷуи роҳҳои пурра нобудсозии ин партовҳо кӯмаки молиявӣ мерасонанд, ҳамкориро идома медиҳад.

Агентии омор дар ҳамкорӣ бо Кумита, ҷиҳати беҳтар намудани системаи ҷамъоварии маълумотҳо оид ба партовҳо ва васеъ намудани миқдори маълумотҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатӣ пешниҳод мегарданд, кӯшишҳо ба харҷ медиҳанд.

Дарси амалӣ

Паспортикунонӣ ва сертификатсияи партовҳо

Яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ дар системаи идоракунии партовҳо ин шиносномаи партовҳои хатарнок мебошад – ин ҳуҷҷате, ки таалуқ доштани партовҳоро ба партовҳои намуд ва синфи мувофиқи хатарнокӣ, ки дорои маълумот оид ба таркиби онро дорад, муайян менамояд. Шиноснома барои ташкили бисёр равандҳо дар муомилот бо партовҳо зарур аст.

Маҷмӯъи партовҳо, ки хусусияти умумӣ дошта, ба системаи таснифоти партовҳо таалуқ доранд, мафҳуми – намуди партовҳо-ро муайян менамояд.

Таъсироти партовҳо ба муҳити атроф аз таркиби сифатӣ ва миқдории он вобастагӣ дорад. Партовҳо аз худ омехтаи моддаҳои аз ҷиҳати таркиби химиявӣ ва хосияти физикавӣ-химиявии гуногундоштаро ифода менамоянд.


Расми 16.1. Тавсифи асосии партовҳои зараровар ва хатарнок


Хатарнокии партовҳо барои муҳити атроф аз хосияти онҳо, ки ба мигратсияи компонентҳо ба муҳити атроф мусоидат менамояд, вобастагӣ дорад.

Партовҳо бо миқдори зиёд дар соҳаҳои базавии саноат (хоҷагии қишлоқ, энергетика, металлургия, сохтмон, нақлиёт), ва ҳамчунин дар рӯзгор ҳосил мешавад. Масалан дар металлургияи ранга тақрибан аз 2 млрд тонна маъдан, ки истихроҷ мешавад, танҳо 1% он дар намуди маҳсулот барои коркард истифода мешавад.




Расми 16.2. Хосиятҳои асосии партов, ки хатарнокии экологии онро зиёд мегардонанд




Расми 16.3. Схемаи структуравии муомилот бо партовҳои истеҳсолот ва истеъмол

Дарси КМРО

Таснифоти партовҳо

Мавҷуд набудани системаи умуми қабулшудаи таснифоти партовҳои истеҳсолот ва истеъмол зарурияти истифодабарии якчанд принсипҳои ҷудокунии партовҳоро ба миён меорад (расми 16.4.)



Расми 16.4. Принсипҳои асосии ҷудокунии партовҳо


Ғайр аз ин, дар системаи муомилот бо партовҳо таснифоти партовҳо аз рӯи ҳолати агрегатӣ (сахт, моеъ, газмонанд ё чангугазӣ), истфода мешавад, ки барои боз ҳам пурратар муайян намудани партовҳоро имкон медиҳад. Ин барои интихоби тарз ва технологияи муомилот бо партовҳо зарур мебошад (утилизатсия, сӯззонидан, гӯронидан). Мувофиқи таснифоти овардашуда, ба маҳлулҳои обӣ ва шламҳо омехта (органикӣ ва ғайриорганикӣ), нейтралӣ, ишқорӣ ва икслотагӣ дахл дорад. Ба маҳлулҳои ғайриобӣ ва шламҳо дахл доранд: қатронҳои истифодашуда, равғанҳои гуногун, маҳлулҳои органикӣ (сӯзонидашаванда ва нашаванда).



Расми 16.5. Таснифоти партовҳо аз рӯи ҳолати агрегатӣ

Адабиётҳои истифодашуда


1. Акимова Т.А., Хаскин В.В. Экология.– М.:ЮНИТИ-ДАНА, 1999. – 455с.

2. Экология. Охрана природы, экологическая безопасность / Под ред. В.И. Данилова Данильяна. М. Изд-ва МНЭПУ, 1997;

3. Экология. Учебн. Пособие / Под ред С.А. Боголюбова. М.: Знание, 1997

4. Афанасьев Ю.А., ФокинС.А. Мониторинг и методы контроля окружающей среды. М.: МНЭПУ, 1998.

5. Мазур И.И., Молдаванов О.И., Шишов В. Н. Инженерная экология. М., Высш. шк., 1996.

6. Инженерная экология: Учебник / Под ред. Проф. В.Т. Медведева. – М.: Гардарики, 2002. – 687 м.: ил.

7. Медведев В.Т. и др. Методы и средства защиты от шума. М.. МЭИ, 1997.

8.      Машкович В.П., Панченко А.М. Основы радиационной безопасности: Учеб. Пособие для вузов. М.: Энергоатомиздат, 1990.

9. Маргулис У.Я. Атомная энергия и радиационная безопасность. 2-е изд., перерад. и доп. М.: Энергоатомиздат, 1988

5. Цветков В.Я. Геоинформационные системы и технологии. М.: Финансы и стати-стика, 1998;

6. Вронскиӣ В.А. Прикладная экология.– Ростов на Дону: Феникс, 1996. – 422с.

7.      Забиров Р.Г. Экология. Китоби дарсӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ. .– Душан-бе. Эр-Граф. 2013.– 480 с.

8. Абдулвахобов А. Экология : учебное пособие . – Душанбе : ЭР-граф, 2003

9. Одум Ю. экология: пер. с англ., Т. 1-2.-М.: Мир, 1986. Т.1- 328с; Т.2 – 376с.

10. Промышленная экология. / Под ред. В.В. Денисова. – М.: Изд. Центр «Март» , 2009. – 720 с.

11.Розанов Б.Т. Основы учения об окружающеӣ среде. – М.: Изд-во МГУ , 1984. – 376с.

Сомонаҳои интернетӣ:

1. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ: www.tajnature.tj

2. Рӯзномаи экологӣ: http://environment.tj

3. Омори экологӣ ва нишондиҳандаҳои рушд: www.stat.tj

4. Маълумот мониторинги муҳити зист, обу ҳаво, об ва иқлим: http://meteo.tj

5. Качество воздуха в городах РТ: www.iqair.com/ru/tajikistan/





Комплекси таълимӣ-методӣ, аз фанни «Экологияи муҳандисӣ» барои ихтисоси ҳифзи муҳандиси муҳити зист. ДКМТ, Бўстон, 82 саҳ., 2021


© Ҳоҷибоев Далер, 2021

Купите 3 книги одновременно и выберите четвёртую в подарок!

Чтобы воспользоваться акцией, добавьте нужные книги в корзину. Сделать это можно на странице каждой книги, либо в общем списке:

  1. Нажмите на многоточие
    рядом с книгой
  2. Выберите пункт
    «Добавить в корзину»