Бесплатно

Комплекси таълимӣ-методӣ: Экологияи муҳандисӣ

Текст
iOSAndroidWindows Phone
Куда отправить ссылку на приложение?
Не закрывайте это окно, пока не введёте код в мобильном устройстве
ПовторитьСсылка отправлена
Отметить прочитанной
Шрифт:Меньше АаБольше Аа

4. Таъсири антропогенӣ ба литосфера

Таъсироти антропогенӣ ба литосфера

Литосфера – ин қабати болоии берунаи кураи Замин мебошад.

Сохти дохилии замин: қишри замин, мантия, ядро

Қишри замин – то чуқурии 35 км (5 – 15 км дар зери уқёнусҳо, 35 – 70 км дар зери континентҳо).

Ба таркиби қишри замин ҳамаи элементҳои химиявӣдохил мешаванд O – 49,1%, Si -26 %, Al – 7,4%, Fe – 4,2%, Ca – 3,3%, Na – 2,4%, K – 2,4%, Mg – 2,4%, Σ – 97,2%;

Мантия – байни қишри замин ва ядро то чуқурии 2900 км паҳн мешаванд. Бартарӣ дорад:: O, Si, Fe, Mg, Ni. Дар дохили мантия аз чуқурии 50-100 км дар зери уқёнусҳо ва 100-250 км дар зери континентҳо қабати моддае оғоз меёбад, ки аз рўи ҳолат ба гудозиш наздик мебошад, яъне астеносфера. Қишри замин бо қабати болоии мантия болотар аз астеносфера литосфера номида мешавад. Литосфера-қабати сахти берунии замин мебошад.

Ядро – поёнтар аз мантия дар чуқурии 2900 то 6371 км , аз Fe ва Ni иборат аст.

Литосфера (ё ин ки замин) – қисми муҳимтарини муҳити атрофи табиӣ мебошад, ки бо масоҳат, релеф, қабати хокӣ, наботот, сарватҳои зеризаминӣ тавсиф меёбад.

Ҳолати литосфера бо мурури вақт аз таъсироти омилҳои табиӣ ва фаъолияти инсон тағйир меёбад.

Омилҳои табиӣ (қувваҳо) ( гармӣ, намнокӣ, бод, радиатсия ва ғ.) ва зуҳуроти геологӣ (вулқонҳо, заминҷунбӣ, обхезӣ ва ғ. куллан литосфераро дар минтақаҳои алоҳида тағйир медиҳанд.

Яке аз хосияти муҳимтарини хок ин ҳосилхезии он, яъне қобилияти таъмин кардани ғизои органикӣ ва минералӣ мебошад. Ҳосилхезии он аз хосияти физикавӣ ва химиявии хок (почва) вобаста аст. Хок (почва) муҳити сефазагӣ мебошад, ки компонентҳои сахт, моеъ ва газмонандро дорад. Он дар натиҷаи таъсири мутақобилаи иқлим, наботот, ҳайвонот, микроорганизмҳо ташаккул ёфта дар худ компонентҳои зинда ва ғайризиндаро дар бар мегирад.

Ҳимояи литосфера

Занҷири асоси ҳимояи экологии замин:

– ҳимояи заминҳо аз эрозияи обӣ ва шамолӣ;

– ташкили системаи коркарди замин ва кишти ҳархела;

– чораҳои мелиоративӣ (мубориза бо ботлоқзоршавӣ ва шўршавии замин)

– рекултиватсияи қабати вайроншудаи замин;

– ҳимояи замин аз ифлосӣ, флора ва фаунаи манфиатбахш аз нестшавӣ;

– роҳ надодан ба беасос гирифтани замини ҳосилхез аз хоҷагии қишлоқ;

Чораҳои комплексӣ оиди мубориза бо эрозияи замин: заминсозӣ, агро-техникӣ, гидротехникӣ, ҷангалмелиоративӣ.

Пешгирии шўршавии дуюмбораи замин: – дренаж, танзмими обдиҳӣ, обмонии боронӣ, обмонии қатрагӣ ва зерирешагӣ, корҳо оиди гидро-маҳдудкунии каналҳои обёрӣ ва ғ.

Пешгирии ифлосшавии заминҳо бо пестидсидҳо (заҳрхимикатҳо) – усулҳои экологии ҳимояи растаниҳоро истифода мебаранд: биологӣ ва агро-техникӣ, қобилияти худтозакунии табиии заминро баланд мебардоранд.

Дар ҳолати гузаронидани корҳои сохтмонӣ, ки бо вайроншавии ме-хакнии қабати замин ба вуҷуд меояд рекултиватсия пешбинӣ карда мешавад.

Қишри замин аз кам шудани захираҳои канданиҳои фоиданок ва ифлосӣ бояд ҳимоя карда шавад. Зарур аст:

– аз қишр зиёдтар истихроҷ кардан ва истифодаи оқилонаи захираҳои канданиҳои фоиданок;

– ҳимоя намудани конҳо аз обпуршавӣ, сўхтор ва ҳоказо;

– пешгири намудани ифлосшавии қишр дар ҳолати нигаҳдории зери-заминии нафт, газ ва дигар моддаҳо. Риоя намудани принсипи истихроҷи пурраи канданиҳои фоданоки асосӣ ва ҳамроҳии он, истифодабарии пасмондаҳо.

Дарси амалӣ

Таъсироти истеҳсолоти кӯҳӣ ба ландшафти табиӣ

Хусусияти хоси ҷойгиркунии корхонаҳои саноати кӯҳӣ дар он мебошад, ки онҳоро метавонем танҳо дар ҷойҳое, ки конҳои канданиҳои фоиданок мавҷуд аст, ташкил диҳем. Ҳамин тавр, барои ташкили комплекси калони саноатие, ки иборат аз корхонаҳои самтҳои гуногуни дорои инфрасохтори мураккаб, корхонаҳои кӯҳӣ асос мебошанд. Аз ин лиҳоз, сарборӣ (нагрузка) ба муҳити атроф меафзояд.

Майдони умумии қитъаҳои замин, ки аз тарафи корхона дар тамоми мӯҳлати мавҷудияти он истифода мешавад, қитъаи қаъри заминро ташкил медиҳад. Дар вақти сохтмон, эксплуататсияи ва азнавсозиии корхона масоҳати қитъаи қаъри замин метавонад тағир ёбад (гирифтани заминҳои нав барои истифода ва азнавбарқароркунии заминҳои вайроншуда).

Дар қитъаи қаъри замин гурӯҳҳои зерини майдонҳо ҷудо карда мешавад:

1) барои маъмурияти худи корҳои кӯҳӣ; чунин қитъаҳо барои истифодабарии муваққатӣ дода мешавад, ба ғайр аз майдонҳо барои отвалҳои беруна;

2) барои ҷойгиркунии иншоотҳои саноатиии технологӣ ва ёрирасон, аз он ҷумла иншоотҳои тозакунӣ ва ҳавзҳои гирифтани об (водозаборные сооружения), анборҳои асосӣ ва муваққатии маводҳои тарканда ва ғ., объектҳои инфарсохторӣ ба корхонаи кӯҳӣ барои истифодабарии доимӣ ё дарозмӯҳлат дода мешавад.

3) барои ҷойгиркунии биноҳои истиқоматӣ, сохмони деҳаҳои корхонаҳои кӯҳӣ ё биноҳо ва иншоотҳо барои эҳтиёҷоти корхонаҳои кӯҳӣ дар территорияҳои мавҷуда; ин гуна қитъаҳои барои истифодабарии доимӣ дода мешавад.

4) барои ҷойгиркунии коммуникатсияҳои гуногун (роҳҳо, роҳҳои оҳан, хатти барқ, алоқа, канализатсия ва диг.; ин гуна қитъаҳои замин вобаста ба таъиноти коммуникатсияҳо ва мӯҳлати эксплуататсияи онҳо барои истифодаи доимӣ ва ё муваққатӣ дода мешавад.

Ареали таъсироти манфии корхонаҳои кӯҳӣ ба ландшафти муҳит аз масоҳати қитъаи қишри замин (земельный отвод) бисёр ҳам калон мебошад, ки ҳолати экологии ноҳияи корхонаҳои кӯҳиро бадтар менамояд.


Расми 4.1. Сохтори майдонҳои қитъаи кӯҳӣ ва замини қишр (горный отвод и земельный отвод):

а) – қитъаи кӯҳӣ; 1 – майдони карйер; 2-траншеяи бурришӣ; 3-траншеяи баромадӣ (выездная); 4-фазои баъди коркард боқимонда; 5- траншеяи капиталӣ; 12- сарҳаи қитъаи кӯҳӣ (горный отвод); б-қитъаи заминии қишр (земельный отвод); 6 – отвали чинҳои холӣ; 7-отвали махсус; 8-нигаҳдорандаи обҳои карйерӣ; 9-отвали партови саноатӣ; 10- анбори қабати ҳосилхези замин; 11-анбори хоки потенсиали ҳосилнокӣ дошта; 13 – ҳудуди қитъаи заминӣ.

(Структура площадей горного и земельного отводов: а – горный отвод: 1- карьерное поле; 2- разрезная траншея; 3 – выездная траншея; 4 – остаточное выработанное пространство; 5 – капитальная траншея; 12 – граница горного отвода; б – земельный отвод: 6 – отвал пустых пород; 7 – спецотвал; 8 – отстойник карьерного водоотлива; 9 – отвал промышленного мусора; 10 – склад почвенно-растительного слоя; 11 – склад потенциально плодородных пород; 13 – граница земельного отвода.)


Таъсироти истеҳсолоти кӯҳиро ба замин (ландшафт) ба мустақим ва ғайримустақим ҷудо намудан мумкин аст.

Ба гурӯҳи якум таъсиротҳое, ки ба вайроншавии қабати ҳосилхези замин, тағирёбии намуди зоҳирии территорияҳо, ихтисоршавии майдонҳои кишоварзӣ ва ҷангал, қабати растанӣ ё мигратсияи ҳайвонот оварда мерасонанд, ва сохтмони карйерҳо ва бурришҳо, сохтани отвалҳо, иншоотҳои нигаҳдории об ё партовгоҳҳо, сохтмони биноҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ, коммуникатсияҳо, деформатсияи сатҳи замин дар минтақаи гузаргоҳҳои кӯҳӣ, махсусан дар тарзи зеризаминӣ, дахл доранд. Таъсироти мустақим, ба ташкилшавии ландшафти нави техногенӣ дар минтақаи таъсироти истеҳсолоти кӯҳӣ оварда мерасонад.

Ба гурӯҳи дуюм таъсирот дахл доранд: пастшавии ҳолат ва ҳосилхезии замин, шароити афзоиши растаниҳо ва маскуни ҳайвонот оварда мерасонад: тағироти ҳолат ва реҷаи обҳои зеризаминӣ аз сабаби хушккунии кон, таҳшиншавии чанг пайвастагиҳои химиявӣ аз ихроҷҳо (выброс) ба атмосфера, инфилтратсияи обҳои ифлосшуда, ки минералӣ ба воситаи дамбаҳо ва асосҳои ҳавзаҳои об ва партовгоҳҳо, паҳншавии маҳсулоти эрозияи заминҳои вайроншуда, зериобмонӣ ва ботлоқшавӣ, деформатсияи сатҳи замин дар минтақаи гузаргоҳҳои кӯҳии зеризаминӣ, пастшавии сифати об ва реҷаи ҳавзҳои рӯизаминӣ ва ҷараёнҳои об. Таъсироти ғайримустақим ба деградатсияи ландшафт оварда расониданаш мумкин аст.

Тавсифи таъсироти мустақими корхонаи кӯҳӣ ба замин дар асоси маводҳои баҳисобгирии ҳолати заминҳо ва инвентаризатсияи давравии онҳо сурат мегирад.

Тавсифи таъсироти ғайримустақим дар асоси муайян намудани андозаҳои территория, ки ба ин таъсирот дучор шудааст, дараҷаи тағироти ҳолат ва сифати хок, пастшавии маҳсулнокии киштзорҳо, тағирёбии сифати маҳсулоти онҳо, асос меёбад.

Дар натиҷаи таъсироти мустақими ва ғайримустақими корҳои кӯҳӣ ба замин (ландшафт) омилҳои зерини экологии номусоид ба вуҷуд меоянд: ихтисоршавии майдонҳои ландшафтҳои табиӣ ва антропогенӣ, эрозияи обӣ ва ҳавоӣ, вайроншавии сохтори хок, минерализатсия, шӯршавӣ, интоксикатсия, намнокшавии зиёд, ҳосилшавии карстҳо, баландшавии фони радиоактивӣ, тағирёбии микроиқлим ва ғ.

Оид ба таъсироти манфии корхонаҳои кӯҳӣ ба ландшафт ин маълумотҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Вайроншавии зиёди сатҳи замин ҳангоми бо тарзи кушод коркард намудани конҳо рӯё медиҳад, ки масалан ба ИҶШС 75% ҳаҷми истеҳсолоти кӯҳӣ рост меомад. Ҳангоми истихроҷи 1 млн тонна маъдани оҳан аз 14 то 640 га заминҳо вайрон мешаванд, маъдани мангандор – аз 76 то 600 га, ангишт – аз 2,6 то 43 га.

Дар натиҷаи камшавии захираҳо дар сатҳҳои болоии қишр конҳои бо шароити мураккаби коркарди кӯҳӣ-геологӣ аз худ карда мешавад, ва он ба боз ҳам зиёдшавии истифодаи заминҳоро талаб менамояд.

Ҳангоми бурдани корҳои зеризаминии кӯҳӣ барои истихроҷи КФ, ҳангоми сохтмони коммуникатсияҳои муҳандисӣ майдонҳои калон вайрон мешаванд.

Ҳамин тавр, масалан, бо ҳисоби миёна дар саноати ангишти ИҶШС дар натиҷаи деформатсияи сатҳи замини майдонҳои шахтавӣ ва ҷойгиркунии отвалҳои чинсҳои кӯҳӣ 4,4 га барои 1 млн тона ангишти истихроҷ шуда ба вуҷуд меомад.

Фаъолияти кӯҳӣ-техникӣ ба ҳосилшавии ландшафти техногенӣ бо шакли хоси релеф мусоидат менамояд. Вобаста аз миқёси таъсироти тағирёбии ландшафтҳои табиӣ, он локалӣ мебошад.

Аз рӯи баҳодиҳии мутахассисон дар вақтҳои наздик дар 13 иёлотҳои ИМА, ки дар тарафи шарқии ҳавзаи дарёи Миссисипи ҷойгир шудаанд, заминҳои болои қабатҳои ангиштии истихроҷшуда, ки баробари тақрибан 133 км 2 сатҳи замин аст, ба пастшавии сатҳ дучор мегардад.

 

Муаммоҳои зиёд оид ба ҳифзи захираҳои замин ҳангоми корҳои кушоди кӯҳӣ дар Германия ба вуҷуд меояд. Ҳавзаи ангишти бури Рейн масоҳати 140 ҳаз. га –ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми чинсҳои ба отвал анбор мешуда баробари 500 млн т. мебошад.

Аз ибтидои азхудкунии ҳавза 21 ҳазор нафар аз 45 маҳалҳои аҳолинишин кӯчонида шудааанд.

Таъсироти манфии коркарди захираҳои табиӣ ба сатҳи замин, дар даҳсолаҳои охир боз ҳам назаррастар мебошад. Он дар намуди пастшавии сатҳи замин, ки дар ин минтақаҳо ба қайд гирифта шудааст:

– 

Дар Австралия – ҳангоми паст кардани сатҳи об дар вақти истихроҷи канданиҳо, гирифтани оби нӯшиданӣ ва саноатӣ.

– 

Дар Ҷопон – ҳангоми эксплуататсияи обгирандаҳои зеризаминӣ ва истихроҷи гази табиӣ.

– 

Дар Британияи Кабир – ҳангоми истихроҷи намак.


Пастшавии сатҳи замин дар яке аз ноҳияҳои Британияи кабир то 15 м расидааст, масоҳати ин территория дар Калифорния, ИМА баробари 13,5 ҳаз. км2 мебошад. Дар Ҷопон зиёда аз 40 ноҳияҳои пастшавии сатҳи замин бо масоҳати зиёда аз 7000 км2 ҳисобида шудааст, ки аз он 1200 км2 аз сатҳи баҳр поён мебошад.

Дарси КМРО

Таъсироти антропогенӣ ба ландшафти табиӣ

Дар асри XIX – ибтидои асри XX территорияеро, ки бо хусусиятҳои зоҳириаш, асосан бо релеф ва намудаш фарқият дорад, ландшафт меҳисобиданд. Баъзе вақт бо истилоҳи “ландшафт” ҳудудеро, бо шаклҳои алоқаи бо ҳам мутақобилаи хоси табиӣ доштаро меҳисобиданд. Дар илми георафияи муосир ландшафт ҳамчун геосистемае мебошад, ки бо ҳудуди муайяни аниқи аз ҷиҳати пайдоиш ва таърихи рушд фарқият дошта, дорои асоси геологии ягона, релефи намуди якхела дошта, иқлими умумӣ, мувофиқати ягонагии шароити гидротермикӣ, хок, биотсеноз мебошад.

Вобаста аз миқёс ва интенсивнокии таъсироти антропогенӣ намудҳои зерини тағйироти ландшафтҳоро ҷудо менамоянд:

глобалӣ, вақте ки тағироти муҳити табиат дар ҳудуди васеъ бо тағир ёфтани сифати атмосфера ва оби Уқёнуси ҷаҳон рӯй медиҳад;

минтақавӣ, дар натиҷаи таъсироти тӯлонӣ минтақаҳои ландшафтӣ табаддул меёбад;

регионалӣ, дар вақти ба таъсироти интенсивӣ комплексҳои географию-иҷтимоӣ, хоҷагию-иқтисодӣ ва иҷтимою-демографӣ дар сарҳадҳои ҳудудҳои тақсимоти маъмурӣ, ки дар суммаи таъсироти антропогенӣ ва дигар таъсиротҳои умумии ба онҳо хос,

ба муҳити табиат тавсиф меёбад;

маҳаллӣ, вақте ки тағироти ландшафтӣ дар ҳудудҳои нисбатан хурд рӯй медиҳад.


Ландшафтҳои антропогении дар натиҷаи фаъолияти инсон ташаккул ёфта – дар рӯи Замин кам набуда, ҳудудҳои калон ва минтақаҳои географии давлатҳои бисёрро дар бар мегирад. Тақрибан 32% масоҳати сатҳи Заминро ландшафтҳои антропогенӣ дар бар мегирад. Дар натиҷаи таъсироти интенсивӣ дар Белгия ландшафтҳои табиӣ қариб, ки боқӣ намондааст. Дар Британияи Кабир бошад заминҳои киштзор 80% территорияро, дар ИМА – 68%, дар Фаронса – 66%-ро дар бар мегирад.

Дар ташаккулёбӣ ва мавҷудияти ландшафт нақши масхсусро хок мебозад. Хок (замин) – яке аз захираҳое, ки бе он мавҷудияти инсон имконнопазир мебошад. Он асос барои гирифтани маҳсулоти хӯрока ва ашё барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти зарурии инсон мебошад. Замин – базиси фазогии фаъолияти ҳаётии ҷамъият буда воситаи асосии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ мебошад, ки инсон дар раванди фаъолияти худ таъсироти мебарад.



Айни замон масоҳати заминҳои киштшуда, аз он ҷумла барои зироати техникӣ (масалан картошка, биринҷ – барои крахмал) тақрибан 12 % хушкиро ташкил медиҳад. Аз ин 33% дар Аврупо, 20% – ба Осиё, 20% – Амрико, 10 % – Африка, 5% – Австралия ва Океания рост меояд.

Дар кишварҳои тараққикарда масоҳати киштзорҳои хоҷагии қишлоқ мунтазам ихтисор шуда истодааст.

5. Садо ва таъсири он ба муҳити атроф

Садо ва таъсири он ба муҳити атроф

Ифлосшавии муҳит бо садо – таъсири физикии зарарнок ба муҳити атроф дар натиҷаи аз ҳад зиёд шудани сатҳи табиии мавҷҳои садогӣ ба вуҷуд меоянд.

Вобаста аз шунавоии одамизод мавҷи чандир дар диапазони лаппиши 16 то 20 000 Гертс овоз садо номида мешавад, камтар аз 16 Гертс инфрасадо, аз 20 000 ултрасадо, зиёда аз 1·109 гиперсадо. Одам қобилияти дарк кардани лаппиши садогиро дар диапазони 16 то 20 000 дорад. Диапазони садои шунавоӣ барои одамизод аз 0 то 170 дБА мебошад.

Садои нофорамро, чун қоида садои табиӣ не балки садоҳои антропогенӣ ба вуҷуд меорад, ки одамизодро ба мондашавӣ камшавии қобилияти фикрӣ ва маҳсулнокии меҳнат, сарбории аз ҳад зиёди асабӣ, стрессҳои садогӣ ва ҳ. Сатҳи баланди садо зиёда аз 60 дБА ба шикоят меоварад, дар ҳолати 90 дБА органҳои шунавоӣ ба вайроншавӣ сар мекунанд, 110-120 дБа ҳадди дардӣ буда, сатҳи аз 130дБА барои органи шунавоӣ харобовар мебошад. Дар ҳолати 180 дБА дар металлҳо тарқишҳо пайдо мешаванд.

Манбаъҳои садои баланд: нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, таҷҳизотҳои маишӣ ва ҳоказо.

Ҳифз аз таъсири овози баланд.

Ташкилоти байналхалқии тандурустӣ барномаи дарозмуддатро оиди кам кардани овози баланд дар шаҳрҳо ва мавзеъҳои аҳолинишини дунё кор-кард кардааст. Барои ҳал чораҳои комплексии ҳатмӣ андешидан лозим: қонунбарорӣ, техникӣ – технологӣ, сохтмонӣ шаҳрсозӣ, архитекторӣ шаҳрсозӣ. Санадҳои меъёриву қонунгузорӣ – шиддатнокӣ, вақти амал ва ди-гар параметрҳои овози баландро ба танзим медарорад. Дар асоси меъёр ҳамин хел сатҳи таъсири овози баланд оварда шудааст, ки дар давоми вақти дароз ба организми одам ягон хел таъсири манфӣ намерасонад, аниқтараш рўзона 40 ДБА ва шабона 30 ДБА. Сатҳи ҳаддӣ барои овози баланди нақли-ёт дар ҳудуди 84-92 ДБа муқаррар шудааст.

Чораҳои техникӣ-технологӣ – ҳимоя аз овози баланд ба воситаи чо-раҳои техникии комплексӣ (гузоштани ҷилдҳои овозфурўбаранда барои дастгоҳҳо). Барои нақлиётҳо садопахшкунанда, насби тормозҳои дискӣ, рўйпўши роҳи садофурўбаранда ва ҳоказо.

Сатҳи шаҳрсозӣ – а) Баровардани манбаъи овози баланд аз ҳудуди мавзеи пуриморат; б) ташкили шабақаи нақлиётӣ, ки овози баландро дар ҷойҳои аҳолинишин роҳ намедиҳад.

Чораҳои архитектурӣ плангирӣ – ташкили иморатҳои овозҳимояку-нанда (герметизатсиякунонии оинаҳо, дарҳои дуқабата, рўйкаши деворҳои бо маводҳои садофурўбаранда ва ҳоказо)

Чораҳои ташкилиӣ – манъ намудани овози баланди автомашинаҳо, манъ кардани гузаштани самолетҳо аз болои шаҳр, тарбияи маданияти овозӣ.

Дарси амалӣ

Мисоли 5.1. Як тонна нефти ба об рехташуда дар сатҳи об пардаеро дар масоҳати 20 км2 ҳосил мекунад. Миқдори сорбенте, ки барои ҷамъ кардани пардаи нефтӣ, ки ба масоҳати 1 км2 рост меояд маълум карда шавад. Агар 1 кг сорбент ба худ 8 л нафтро ҷаббида тавонад. Зиччии миёнаи нафт 820 кг/ м3 мебошад.

Задача 5.1. Одна тонна разлитой нефти может образовать пленку на поверхности воды на площади 20 км 2 . Найти, какое количество сорбента понадобится для сбора нефтяной пленки, приходящейся на 1 км 2 поверхности морской воды, если один килограмм сорбента может впитать 8 л нефти. Средняя плотность нефти 820 кг/ м3.

Мисоли 5.2. Дар зинаи якуми тозакунии газҳои дудиро дар сиклон мегузаронанд ва коэфитсиенти кори фоиданоки (ККФ) сиклон баробарои 64,6% мебошад. Дар зинаи дуюуми тозакунӣ филтри остинмонандро насб карданд. Баъди ду филтр, ККФ-и тозакунӣ баробари 91,2% гардид. Коэфитсиенти кори фоиданоки таҷҳизоти зинаи дуюми тозакунӣ ҳисоб карда шавад.

Задача 5.2. На первой ступени очистку дымовых газов проводят в циклоне и коэффициент полезного действия (КПД) циклона составляет 64,6 %. На второй ступени очистки установили рукавный фильтр. После этого суммарный КПД установки определен равным 91,2 %. Рассчитать действительный КПД второй ступени установки по очистке от пыли.

Дарси КМРО

Кори лабораторӣ бо симулятор. Оиди мавҷҳо




Расми 5.1. Интерфейси симулятор

6. Асосҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ ва ташкилии ҳифзи муҳити атроф

6.1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикстон дар самти ҳифзи табиат

Ҳалли масъалаи ҳифзи муҳити атроф ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ бо танзим намудани муносибати инсон ва табиат, риояи қоидаҳо ва дастурҳо вобастагӣ дорад.

Ҳифзи ҳуқуқии табиат аз худ ҷамъи меъёрҳои ҳуқуқии аз тарафи давлат муқарраргардида мебошад, ки дар натиҷаи амалигардонии муносибати ҳуқуқи вобаста ба иҷрои ҷораҳо оид ба нигаҳдории муҳити табиӣ, истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зисти инсон барои манфиати наслҳои ҳозираву оянда, ба миён менамояд.

Ба низоми ҳифзи ҳуқуқии табиат чор гурӯҳи чораҳои юридикӣ дохил мебошад:

1. Танзимкунии ҳуқуқии муносибатҳо оид ба истифодабарӣ, нигаҳдорӣ ва барқарор намудани захираҳои табиӣ.

2. Ташкили тарбия ва омӯзонидани мутахассисон, маблағгузорӣ ва таъминоти маводӣ-техникии амалҳо доир ба ҳифзи табиат;

3. Назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбати иҷроиши талаботҳои ҳифзи табиат;

4. Ҷавобгарии ҳуқуқии қонунвайронкунандагон;

Объектҳои қонунгузории ҳифзи табиат ин замин, қишри замин, обҳо, ҷангалҳо ва дигар намуди наботот, олами ҳайвонот, ҳавои атмосферӣ, ёдгориҳои табиӣ, ҷойҳои истироҳат, минтақаҳои сабзи наздишаҳрӣ.

Асоси системаи қонунгузории экологӣ дар ҶТ ин Сарқонуни мебошад, ки соли 1994 қабул гардидааст. Дар он муқарраротҳои асосии стратегияи экологии давлат ва самтҳои асосии пурзӯр намудани тартиботи қонунии экологӣ баён карда шудааст.

Дар моддаи Моддаи 13 –и Сарқонуни ҶТ гуфта шудааст: Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Тибқи Моддаи 10, Сарқонуни Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Қонуни муҳиме, ки ба таъмини бехатарии экологӣ равона шудааст ин Қонуни ҶТ ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:

– муҳити зист – муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;

– объекти антропогенӣ – объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;

– гуногунии биологӣ – шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад;

– муҳити зисти мусоид – муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд;

– зарар ба муҳити зист – тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)

– парки дендрологии давлатӣ – гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо);

– моддаи ифлоскунанда – модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо муқарраргардида зиёд мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;

– ифлосшавии муҳити зист – воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;

– назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (назорати экологӣ) – маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ошкор ва рафъ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи талабот, аз ҷумла меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра равона шудаанд;

 

– ҳифзи муҳити зист – системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд;


Яке аз қисмҳои асосии Қонун ин. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ мебошад, ки принсипи пардохтро барои истифодабарии захираҳои табиӣ муайян менамояд. Тибқи Моддаи 20 Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ (замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, ҷангал, олами набототу ҳайвонот, захираҳои рекреатсионӣ ва дигар захираҳо) дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:

– барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ;

– барои истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда;

– барои аз лимиту квотаҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои

табиӣ;

БОБИ 6.АРЗЁБИИ ТАЪСИР БА МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ

БОБИ 9. ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ

БОБИ 11. МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ ВА ОБЪЕКТҲОЕ, КИ МАХСУС МУҲОФИЗАТ КАРДА

МЕШАВАНД

БОБИ 12. СИСТЕМАИ МУШОҲИДАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ

БОБИ 13. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

БОБИ 15.ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГӢ


ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ – 02.08.2011

ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА – 28.12.2012

ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ – 16.04.2012

ДАР БОРАИ АУДИТИ ЭКОЛОГӢ – 26.12.2011

Дар бораи партовҳои истехсолӣ ва истеъмолӣ – 10.05.2012

КОДЕКСИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – 02.04.2020

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019 – 27.02.2009

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019 – 27.02.2009

ДАР БОРАИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ – 29.12.2010

ДАР БОРАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ – 01.08.2003

ҚАРОРИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ БАРНОМАИ МОНИТОРИНГИ МУҲИТИ ЗИСТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2013-2017 – 03.12.2012

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КОМПЛЕКСИИ РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2020

ДАР БОРАИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРРАСОНӢ БА МУҲИТИ ЗИСТ – 18.07.2017

Купите 3 книги одновременно и выберите четвёртую в подарок!

Чтобы воспользоваться акцией, добавьте нужные книги в корзину. Сделать это можно на странице каждой книги, либо в общем списке:

  1. Нажмите на многоточие
    рядом с книгой
  2. Выберите пункт
    «Добавить в корзину»